Ба мавзеи Кимқули ноҳияи Шаҳристон 23 сар оҳуи навъи муфлони аврупоӣ оварда шуд

Бо мақсади рушди хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳристон ба мавзеи Кимқули ноҳияи Шаҳристон  23 сар оҳуи навъи муфлони аврупоӣ оварда шуд. Тавре хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, ҷонварони кӯҳӣ бо мусоидати раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ворид карда шуда, барои зиёд намудани саршумор ва парвариши оҳуҳо аз тарафи Хоҷагии ҷангали вилоят мамнуъгоҳ ташкил гардид. Гуфта […]

Asia-Plus

Бо мақсади рушди хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳристон ба мавзеи Кимқули ноҳияи Шаҳристон  23 сар оҳуи навъи муфлони аврупоӣ оварда шуд.

Тавре хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, ҷонварони кӯҳӣ бо мусоидати раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ворид карда шуда, барои зиёд намудани саршумор ва парвариши оҳуҳо аз тарафи Хоҷагии ҷангали вилоят мамнуъгоҳ ташкил гардид.

Гуфта мешавад, Шаҳристон аз минтақаҳои хушробуҳавои вилоят маҳсуб ёфта, парваришу нигоҳубини оҳуҳо бо мақсади ҷалби сайёҳон ва рушди оҳупарварӣ ба роҳ монда шуд.

Раиси вилоят зимни боздид аз мавзеи Кимқули ноҳия ба масъулин ҷиҳати бештар намудани саршумори оҳу дар минтақаҳои куҳии Шаҳристон, Ашт, Панҷакент ва Истиқлол дастур дода, таъкид кард, ки афзоиши саршумори оҳу барои ҷалби сайёҳон метавонад мусоидат намояд.

Ҳамзамон ба масъулин бобати рушди қутоспарварӣ дар баландкуҳҳои вилоят, ба роҳ мондани кишти картошка дар заминҳои ҳамвори хоҷагии ҷангал ва бунёди ҷангалзорҳои нав супоришҳо дода шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.