Таъсиси ниҳоди ваколатдорони расонаҳо дар Тоҷикистон

“Ваколатдорони расонаҳо (медиа-омбудсменҳо) бояд инъикоси воқеӣ ва беғаразонаи рӯйдодҳо дар ВАО, инчунин риояи одобу ахлоқи рӯзноманигориро пайгирӣ кунанд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” раиси Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) Нуриддин Қаршибоев. Ба гуфтаи ӯ, ниҳоди ваколатдорони расонаҳо бо мусоидати ташкилоти байнулмилалии Internews Network дар Тоҷикистон таъсис ёфта, айни замон ваколатдорони расонаҳо дар […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

“Ваколатдорони расонаҳо (медиа-омбудсменҳо) бояд инъикоси воқеӣ ва беғаразонаи рӯйдодҳо дар ВАО, инчунин риояи одобу ахлоқи рӯзноманигориро пайгирӣ кунанд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” раиси Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) Нуриддин Қаршибоев.

Ба гуфтаи ӯ, ниҳоди ваколатдорони расонаҳо бо мусоидати ташкилоти байнулмилалии Internews Network дар Тоҷикистон таъсис ёфта, айни замон ваколатдорони расонаҳо дар 6 ВАО-и маҳаллӣ – ТВ "Азия", ТВ «СМ-1» (вилояти Суғд), ҳафтаномаҳои «Фараж» ва «Самак», Маркази тадқиқоти журналистӣ ва хабаргузории “СогдНьюс» кор мекунанд.

Қаршибоев таъкид дошт, ки ваколатдорони расонаҳо ҳуқуқ надоранд, ки ба интихоби мавзӯъ барои мақола ё монеъа шудан ба нашри он дахолат кунанд.

Шамсулло Фозилов, Гулнора Амиршоева ва  Азамхон Акбаров нахустин ваколатдорони расонаҳои Тоҷикистон шуданд.

Нуриддин Қаршибоев бар ин назар аст, ки инъикоси воқеӣ ва беғаразонаи рӯйдодҳо, инчунин риояи ахлоқи журналистӣ ба даъвоҳои судии мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ нисбати ВАО имкон намедиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти ҳуши маснӯии сохташуда қарор гирифт

Дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ниондиҳандаи баландтаринро Қазоқистон дорад

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.