Дар 2 донишҷӯи тоҷик дар Русия коронавирус ошкор шуд

Дар 2 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки дар Донишгоҳи давлатии агротехнологии Рязан таҳсил мекунанд, коронавирус ошкор шудааст. Тавре нашрияи "Рыбинские известия" хабар медиҳад, бо сабаби баста шудани сарҳад онҳо ба ватан баргашта натавониста, дар хобгоҳ зиндагӣ мекардаанд. “Ду донишҷӯ, шаҳрвандони Тоҷикистон бистарӣ шуданд. Тести онҳо ба коронавирус натиҷаи мусбат нишон дод. Ҳар ду ҳам худро муътадил […]

Asia-Plus

Дар 2 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки дар Донишгоҳи давлатии агротехнологии Рязан таҳсил мекунанд, коронавирус ошкор шудааст.

Тавре нашрияи "Рыбинские известия" хабар медиҳад, бо сабаби баста шудани сарҳад онҳо ба ватан баргашта натавониста, дар хобгоҳ зиндагӣ мекардаанд.

“Ду донишҷӯ, шаҳрвандони Тоҷикистон бистарӣ шуданд. Тести онҳо ба коронавирус натиҷаи мусбат нишон дод. Ҳар ду ҳам худро муътадил ҳис мекунанд, дар онҳо аломатҳои беморӣ набуд”, – хабар додааст Алберт Рябов, муовини ректори донишгоҳ.

Дигар донишҷуёнеро, ки дар як бино бо беморон зиндагӣ мекарданд, табибон муоина кардаанд. Дар 12 нафар аломатҳои бемории роҳҳои нафас – зуком, сулфа, камқувватӣ дида мешавад. Вазъи онҳоро табибони дармонгоҳи №4 назорат мекунанд.

133 нафар донишҷӯён 14 рӯзи наздикро дар карантин мегузаронанд. Онҳоро ба осоишгоҳи «Сосновый бор» дар яке аз ноҳияҳо мефиристанд.

“Ахиран фақат донишҷӯёни хориҷӣ дар хобгоҳ мезистанд. Касоне, ки бар асари вазъи эпидемиологӣ ба хонаҳояшон баргашта натавонистанд”, – гуфтааст Алберт Рябов.

Гуфта мешавад, дар байни кормандони хобгоҳ дар касе аломатҳои беморӣ мушоҳида нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ниондиҳандаи баландтаринро Қазоқистон дорад

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.