Мақомоти Тоҷикистон доир ба эълони хатсайрҳои ҳавоӣ изҳорот нашр мекунанд

Имрӯз, 4 июн Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар робита ба хатсайрҳои ҳавоӣ ва фурӯши беилетҳо аз ҷониби баъзе ширкатҳо изҳорот нашр мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ хабар дод. “Айни замон Агентӣ изҳорот тайёр карда истодааст, ки дар он масъалаҳои боз шудани хатсайрҳо ба шаҳрҳои Русия ва фурӯши билетҳо аз ҷониби чанде […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Имрӯз, 4 июн Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар робита ба хатсайрҳои ҳавоӣ ва фурӯши беилетҳо аз ҷониби баъзе ширкатҳо изҳорот нашр мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ хабар дод.

“Айни замон Агентӣ изҳорот тайёр карда истодааст, ки дар он масъалаҳои боз шудани хатсайрҳо ба шаҳрҳои Русия ва фурӯши билетҳо аз ҷониби чанде аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ шарҳ дода мешавад”, – гуфт манбаъ.

Қаблан таҳти унвони “Парвози ҳавопаймоҳо байни Тоҷикистону Русия барқарор мешавад? Билетҳо аллакай дар фурӯшанд” мо мавод нашр кардем, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниш ба бор овард.

Чанде аз корбарон изҳори норозигӣ карданд, ки ин хабар бардурӯғ буда, бархе зикр карданд, ки аллакай барои рӯзи 8 июл билет харидаанд. “Имрӯз ба ман як шиносам аз Питер занг зад, ӯ барои рӯзи 8 июли соли 2020 билет гирифтааст”, – навиштааст Раъно Самадова.

Баъзе корбарон бар ин назаранд, ки дар ифтитоҳи хатсайрҳои ҳавоӣ то муътадил шудани вазъи вобаста ба пандемияи коронавирус дар ҳар ду кишвар шитоб набояд кард.

“Шитоб доранд. Фаҳмидан мумкин аст, лекин хеле эҳтиёткор мебояд буд…”, – навиштааст корбар Рустам Холиқов.

Ёдрас мекунем, ки ширкатҳои ҳавопаймоии «Уральские авиалинии» в «ЮтЭйр»-и Русия ба фурӯши билетҳои хатсайри Маскав – Душанбе ва бозгашт шурӯъ аз 30 июн оғоз карданд.

Алоқаи ҳавоӣ байни Русия ва Тоҷикистон охири моҳи март қатъ шуда, лекин давоми ин моҳҳо тариқи хатсайрҳои чартерӣ якчанд парвоз анҷом дода шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.