Bloomberg: Тоҷикистон 50% даромадашро аз интиқоли пули муҳоҷирон аз даст дод

Дар давлатҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ коҳиши назарраси интиқоли маблағ аз Русия ба мушоҳида мерасад. Дар ин бора нашрияи амрикоии Bloomberg хабар додааст, ки АМИТ “Ховар” ба он истинод меоварад. Гуфта мешавад, муддати даҳсолаҳо интиқоли маблағҳо аз Русия иқтисоди кишварҳои хориҷи наздикро дастгирӣ мекарданд, дар ҳамин ҳол, даромади баъзе давлатҳо то ба сеяки истеҳсолот мерасид. Дар […]

Дар давлатҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ коҳиши назарраси интиқоли маблағ аз Русия ба мушоҳида мерасад. Дар ин бора нашрияи амрикоии Bloomberg хабар додааст, ки АМИТ “Ховар” ба он истинод меоварад.

Гуфта мешавад, муддати даҳсолаҳо интиқоли маблағҳо аз Русия иқтисоди кишварҳои хориҷи наздикро дастгирӣ мекарданд, дар ҳамин ҳол, даромади баъзе давлатҳо то ба сеяки истеҳсолот мерасид. Дар навбати худ, Русия бо қабули қувваи кории арзон аз ин ҳолат бурд мекард.

Bloomberg маълумоти оморӣ меорад, ки мувофиқи он ҳаҷми интиқоли пул ба Гурҷистон нисбат ба моҳи апрели соли гузашта 40% коҳиш ёфта, дар ҳамин ҳол, дар Тоҷикистон, ки яке аз кишварҳои бештар вобаста ба интиқоли маблағ дар ҷаҳон мебошад, ин ҳаҷм моҳи марту апрел 50% кам шудааст. Дар Ӯзбекистон низ ба ҳамин монанд ҳолат (қариб то нисф) ба қайд гирифта шудааст.

“Барои аксари оилаҳои бештар осебпазир ин 100%-и даромадашон аст”, – шарҳ додааст инро иқтисодчии Бонки аврупоии таҷдиду рушд оид ба Осиёи Марказӣ Эрик Ливни.

Ба гуфтаи коршинос, бастани сарҳадҳо маънои “ду ё се баробар” шудани оқибатҳои таъсири коронавирус ба иқтисоди бархе аз кишварҳоро дорад.

“Шумо ба Русия ҳам рафта наметавонеду дар хона ҳам кор намеёбед. Ҳозир ва ояндаи наздик не”, – гуфтааст Ливни.

Зикр мегардад, ки ҳатто агар сарҳадҳо боз шаванд ҳам, муҳоҷирон дар шароити иқтисоде кор ҷустуҷӯ хоҳанд кард, ки тайи 10 соли охир имсол чунин афтишро аз сар мегузаронад. Поинравии нархи ҷаҳонии нафт ва зарба аз коронавирус Русияро ба истифодаи захираҳо маҷбур мекунад. Ин маънои онро дорад, ки ба муҳоҷирон лозим меояд дар шароити камшавии даромадҳо ва афзоиши бекорӣ барои худ шуғле пайдо кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.