Сарвазир аз мардум даъват кард, ки бе зарурат ба пойтахт наоянд

АМИТ “Ховар”

Бинобар дар аксар кишварҳо сар задани мавҷи дубораи хурӯҷи бемории коронавирус имрӯз, 4 июн,  Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ  ва  пешгирӣ  аз паҳншавии  сирояти коронавируси COVID-19 дар Тоҷикистон, ки ба он Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода роҳбарӣ мекунад,  ба  аҳолии  кишвар бо чунин мазмун  расман муроҷиат намуд.

Дар муроҷиатномае, ки дар сомонаи АМИТ “Ховар” нашр шудааст,  чунин зикр мешавад: 

“Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ  ва  пешгирӣ  аз паҳншавии  сирояти коронавирус COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба маълумоти сокинони мамлакат мерасонад, ки дар аксар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мавҷи дуюми ин бемории сироятӣ хуруҷ карда,  ҳукуматдорони ин давлатҳоро барои тадбирандешиҳои иловагӣ дар мубориза бар зидди ин беморӣ водор сохтааст. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии  Мардумии  Хитой,  Ҷумҳурии  Ӯзбекистон,  Арманистон, Олмону Федератсияи Россия ва дигар давлатҳо баъди коҳиш ёфтани сатҳи гирифторшавии аҳолӣ ба ин беморӣ бинобар риоя нагардидани қоидаҳои пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ, хусусан риоя нагардидани қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷаъмиятӣ, инчунин бе ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ гаштугузор намудани одамон аллакай паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 бештар гардидааст.

Бо назардошти ин, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ  ва  пешгирӣ  аз паҳншавии  сирояти коронавирус COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз тамоми шаҳрвандони мамлакат эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки  қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятиро ба таври ҳатмӣ риоя намуда, бе ниқобҳои муҳофизатӣ аз хона набароянд, дар нақлиёт ва дигар  ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатмӣ  аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ истифода намуда, ба таври қатъӣ   фосилаи  байни  ҳамдигарро ба андозаи аз якуним то ду метр нигоҳ доранд.

Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ  аз паҳншавии  сирояти коронавирус COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамчунин  аз  тамоми сокинони  мамлакат, ки аз минтақаҳо ва  шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ ба шаҳри Душанбе меоянд даъват ба амал меорад, ки  бе зарурат ба пойтахти мамлакат сафар накунанд  ва дар акси ҳол аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ ҳатмӣ истифода намуда, қоидаҳои  гигиенаи  шахсию  ҷамъиятӣ  ва  қоидаҳои фосилаи иҷтимоиро  қатъиян  риоя  намоянд.

Ҳамчунин Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ  ва  пешгирӣ  аз паҳншавии  сирояти коронавирус COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз тамоми сокинони мамлакат бори дигар даъват ба амал меоварад, ки аз гузаронидани ҳамагуна чорабиниҳо, ҷашну маросим ва маъракаҳои хурсандиву азодорӣ то ба эътидол омадани вазъияти эпидемиявӣ худдорӣ намоянд.

Дар сурати иҷро нагардидани талабот ва қоидаҳои пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19  дар  мамлакат  нисбат ба  нафароне,  ки  ин  қоидаву  тартиботро иҷро намекунанд, чораҳои қонунӣ андешида мешавад.

Дар хотир дошта бошед, ки қатъиян риоя намудани қоидаҳои  гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, истифодаи  ҳатмии  ниқобҳои  муҳофизатии тиббӣ  ва риояи фосилаи байниҳамдигарӣ дар шароити паҳншавии бемории сироятии коронавирус тадбирҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар  роҳи   ҳифзи солимии ҷомеа ва мубориза бар зидди ин бемории сироятӣ тақвият бахшида, ба пешгирии саривақтӣ аз хуруҷи мавҷи дуюми ин беморӣ дар мамлакат мусоидат менамояд”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...