Духтари душанбегӣ дугонаашро лату кӯб ва мӯи сарашро қайчӣ зад

Кормандони милитсияи пойтахт аз рӯйи далели даст доштан дар лату кӯб ва таҳқир Шаҳноза Холиқоваи 22-соларо боздошт намуданд. Тавре Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, шоми рӯзи 6 май ӯ дар хонаи иҷорааш дар ҳузури дугонаҳояш шиноси худ Гулноза Ваҳҳобоваро нахуст бераҳмона лату кӯб ва сипас бо истифода аз қайчӣ мӯи сари ҷабрдидаро мебурад. […]

Asia-Plus

Кормандони милитсияи пойтахт аз рӯйи далели даст доштан дар лату кӯб ва таҳқир Шаҳноза Холиқоваи 22-соларо боздошт намуданд.

Тавре Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, шоми рӯзи 6 май ӯ дар хонаи иҷорааш дар ҳузури дугонаҳояш шиноси худ Гулноза Ваҳҳобоваро нахуст бераҳмона лату кӯб ва сипас бо истифода аз қайчӣ мӯи сари ҷабрдидаро мебурад.

Гуфта мешавад, дар ин лаҳзаҳои мудҳиши ҷиноӣ шаҳрванд Мадина Дадахонова ба ҷои халос кардан, баръакс ин саҳнаи хушунатро ба навор гирифта, нахуст дар саҳифаи шахсиаш дар Инстаграм гузошта, сипас тавассути дигар шабакаҳо паҳн менамояд.

Зикр мегардад, ки нисбат ба Шаҳноза Холиқова парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ӯ дар Боздоштгоҳи муваққатии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе қарор дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.