Як гурӯҳ табибони Лаҳистон ба Душанбе омаданд

Бо дарназардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ оид ба эътино ба бемории Covid-19 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон шоми 6 июн гурӯҳи калони тими тиббии Лаҳистон (Полша)-ро пазируфт. Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорат, меҳмононро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Саида Умарзода истиқбол гирифт. “Ҳайати мазкури тими тиббии […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бо дарназардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ оид ба эътино ба бемории Covid-19 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон шоми 6 июн гурӯҳи калони тими тиббии Лаҳистон (Полша)-ро пазируфт.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорат, меҳмононро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Саида Умарзода истиқбол гирифт.

“Ҳайати мазкури тими тиббии Лаҳистон аз 16 иборат нафар буда, онҳоро се нафар коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) ҳамроҳӣ мекунанд”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, дар назар аст, ки ҳайати тими тиббии Лаҳистон ба манотиқи гуногуни Тоҷикистон сафар карда, тайи як моҳ дар беморхонаву муассисаҳои табобатии мамлакат бо табибони тоҷик табодули таҷриба хоҳанд намуд.

Қобили зикр аст, ки ояндаи наздик мутахассисони Роспотребнадзор барои кор дар ҳайати гурӯҳи коршиносони байнулмилалӣ, ки аз ҷониби СҶТ таъсис дода мешавад, бори дигар ба Тоҷикистон фиристода мешаванд. Дар ин хусус дар сомонаи Роспотребнадзор хабар дода мешавад.

Гурӯҳ барои кумак ба Тоҷикистон дар корҳои ташхис дар озмоишгоҳ, назорати эпидемиологӣ ва баргузории таҳқиқоти коронавируси нав сафарбар мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ниондиҳандаи баландтаринро Қазоқистон дорад

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.