Фавти марде, ки худро назди Раёсати молияи Кӯлоб оташ зада буд

Зариф Абдуллоев, сокини 63-солаи шаҳри Кӯлоб, ки субҳи рӯзи 6 июн худро дар назди Раёсати молияи шаҳри Кӯлоб  аввал ба шиками худ корд заду баъдан худро оташ зада буд, дар беморхона фавтид. Саиданвар Исломов, муовини сартабиби беморхонаи вилоятӣ дар шаҳри Кӯлоб ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки Зариф Абдуллоев соати 10:30 дақиқаи имрӯз 8 июн дар […]

Сайраҳмон Назриев, Азия-Плюс

Зариф Абдуллоев, сокини 63-солаи шаҳри Кӯлоб, ки субҳи рӯзи 6 июн худро дар назди Раёсати молияи шаҳри Кӯлоб  аввал ба шиками худ корд заду баъдан худро оташ зада буд, дар беморхона фавтид.

Саиданвар Исломов, муовини сартабиби беморхонаи вилоятӣ дар шаҳри Кӯлоб ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки Зариф Абдуллоев соати 10:30 дақиқаи имрӯз 8 июн дар шӯъбаи эҳёгарии ҳамин беморхона вафот кардааст.

“Ин саҳар вазъи бемор бисёр вазнин буд, фишораш ба сифр баробар шуда буд. Танҳо дилаш кор мекард ва ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст буд. Мо ӯро ҷарроҳӣ кардем, вале пӯсташ 95/% сӯхта буд. Ғайр аз ин, роҳҳои нафас ва рӯдаҳояш низ сӯхта буданд. Вақте ба шикамаш корд мехалонад, рӯдаҳояш мебароянд аз ин сабаб баъди худро оташ задад рӯдаҳояш ҳам сӯхтаанд. Табибон тамоми корро барои наҷоти ӯ карданд, лекин мутаасифона, соати 10:30 дақиқа фавтид”, – мегӯяд Саиданвар Исломов.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳоло ҳодисаро шарҳ надодааст ва танҳо мегӯяд, ки нисбати ин ҳодиса санҷиш оғоз шудааст. Маълум нест, ки аллакай парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст ё на.

Рӯзи 6 июн баъзе расонаҳо навиштаанд, ки Зариф Абдуллоев бо чанде аз боғчаҳои бачагонаи шаҳри Кӯлоб ҳамкорӣ доштааст ва онҳоро бо маводи ғизоӣ таъмин мекардааст. Раёсати молияи Кӯлоб ба ӯ ваъда додааст, ки аз ҳисоби худаш боғчаҳоро бо маводи ғизоӣ таъмин кунад ва баъдан маблағи ӯро пардохт хоҳанд кард. Вале Зариф Абдуллоев натавонистааст маблағи қарзашро бигирад.

Дар ҳамин ҳол, Бахтиёр Назарзода сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ин ҳодисаро шарҳ дода мегӯяд, Раёсати молияи шаҳри Кӯлоб бо марҳум Зариф Абдуллоев ҳеҷ муносибате надоштааст.

“Коргоҳи нонпазие, ки ба оилаи Абдуллоевҳо рабт дорад, ба номи додари марҳум Файзулло Абдуллоев сабт шудааст. Ин корхона воқеъан бо чанд боғчаи бачагонаи шаҳри Кӯлоб дар асоси шартномаи дутарафа ҳамкорӣ доштааст. Мувофиқи маълумотҳо ин коргоҳи нонпазӣ дар соли 2018 ба маблағи 57 ҳазор сомонӣ ва дар соли 2019 ба маблағи 142 ҳазор сомонӣ ба боғчаҳо хидмат расондааст. Вале аз аввали соли равон қисме аз боғчаҳои бачагона аз хизматрасонии ин коргоҳ даст кашидаанд. Қарзи боғчаҳои бачагона дар назди коргоҳ ҳамаги 21 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва ин ҳам аз солҳои пеш аст. Аммо аз сӯҳбате, ки мо бо роҳбарони боғчаҳо доштем, онҳо бо мувофиқа расида будаанд, ки қарзи мондаро давра ба давра пардохт хоҳанд кард. Инҷо шартмона байни боғчаҳо ва коргоҳи нонпазӣ аст. Раёсати молия ҳеҷ дахле надорад. Айни замон маблағгузории муассисаҳои соҳаи маориф сарикасист ва худи муассисаҳо мустақиман шартномабандӣ карда, маблағҳоро пардохт мекунанд. Инҷо сабаби ба таъхир афтодани пардохти қарз ҳолати ба амаломада вобаста ба пандемия мебошад. Ҳамагон медонем, ки боғчаҳо чанд моҳ инҷониб аз фаъолият мондаанд. Аз ин рӯ, онҳо натавонистаанд саривақт маблағи қарзашонро пардохт намоянд”, – мегӯяд Бахтиёр Назарзода.

Номбурда ҳамчунин қайд кард, ки Зариф Абдуллоев як рӯз пеш назди сардори Раёсати молияи шаҳри Кӯлоб омада будааст ва ваъдаи баррасии мушкилиро гирифта будааст.

“Мо вақте сабти камераҳои мушоҳидавиро омӯхтем, дида мешавад, ки як рӯз пеш Зариф Абдуллоев дар қабулгоҳи сардори Раёсати молияи шаҳр нишастааст. Баъдан сабти рӯзи шанбе нишон медиҳад, ки номбурда соати 6 сӯбҳ назди банкомате, ки дар бинои раёсати молия насб шудааст меояд ва картаи бонкии худро месанҷад. Баъди аз назди банкомат дур шудан худро оташ мезанад. Аслан рӯзи шанбе соати 6 субҳ вақте, ки дар Раёсати молия ҳоло ҳеҷ кас набуд. Ҳамагон инро медонад, ки дар ин соат касе нест. Соати кори аз 8 оғоз меёбад. Агар Зариф Абдуллоев бо раёсати молия мушкил медошт, дар соати корӣ меомад. Баъдан мувофиқи қонунгузории кишвар, вақте байни субъектҳо шартнома мебанданд ва дар сурати иҷро накардани шартнома тарафҳо метавонанд ба суд муроҷиат кунанд”, – гуфт Б.Назарзода.

Диловар Исозода сардори раёсати молияи вилояти Хатлон дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки аз қазия хабар дорад.

“Мо аз ин қазия хабар дорем. Медонем, ки чанде аз боғчаҳои бачагонаи шаҳри Кӯлоб бо коргоҳи нонпазӣ ҳамкорӣ доштаанд. Вале намедонам, ки қарзи онҳо чӣ миқдореро ташкил медиҳад”, – изҳор дошт Исозода.

Ёдовар мешавем, ки соати 6 субҳи 6 июн сокини 63-солаи шаҳри Кӯлоб Зариф Абдуллоев дар назди раёсати молияи шаҳри Кӯлоб аввал худро бо корд захмӣ карда, баъдан ба сараш сӯзишворӣ рехта худро оташ зад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.