Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои паҳнкунии бемориҳои сироятӣ

Аsia-Plus

Имрӯз, 10 июн дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон вакилон тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро қабул карданд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Мувофиқи тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ, дар ҷумҳурӣ барои дидаву дониста (барқасдона) паҳн кардани бемориҳои сироятӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷорӣ мешавад.

"Касоне, ки ба чунин қонуншиканӣ даст мезананд, ба муҳлати 5 сол ва дар сурати такроран содир шудани ҷиноят (дар муддати як сол) ба муддати аз 5 то 10 сол равонаи зиндон мешаванд", – шарҳ дод ба "Азия-Плюс" ин тағйиротро муовни раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони парлумон Равшан Раҷабзода.

Ҳамчунин ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ низ дар мавриди паҳн кардани маълумоти носаҳеҳ ва бардурӯғ дар васоити ахбори умум дар бораи пандемия тағйироту илова тасдиқ гардид.

Дар сурати ба ин қонуншиканӣ даст задан шаҳрванд дар ҳаҷми 580 сомонӣ ва шахсони ҳуқуқӣ – 11 ҳазору 600 сомонӣ ҷаримабандӣ мешаванд.

Барои ниқоб надоштан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва сериздиҳом, инчунин риоя накардани масофагирии байни ҳамдигар то 2 метр ба маблағи аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима ҷорӣ шуд.

То шоми рӯзи 9 июн дар Тоҷикистон шумори сироятёфтагон аз коронавирус ба 4 ҳазору 690 нафар (+ 81 кас) расид. Аз оғози эпидемия шумори умумии фавтидагон 48 нафар ва шахсони аз ин беморӣ шифоёфта 2 ҳазору 815 нафар (+52 кас)-ро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...