Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои паҳнкунии бемориҳои сироятӣ

Имрӯз, 10 июн дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон вакилон тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро қабул карданд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод. Мувофиқи тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ, дар ҷумҳурӣ барои дидаву дониста (барқасдона) паҳн кардани бемориҳои сироятӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷорӣ […]

Имрӯз, 10 июн дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон вакилон тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро қабул карданд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Мувофиқи тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ, дар ҷумҳурӣ барои дидаву дониста (барқасдона) паҳн кардани бемориҳои сироятӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷорӣ мешавад.

"Касоне, ки ба чунин қонуншиканӣ даст мезананд, ба муҳлати 5 сол ва дар сурати такроран содир шудани ҷиноят (дар муддати як сол) ба муддати аз 5 то 10 сол равонаи зиндон мешаванд", – шарҳ дод ба "Азия-Плюс" ин тағйиротро муовни раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони парлумон Равшан Раҷабзода.

Ҳамчунин ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ низ дар мавриди паҳн кардани маълумоти носаҳеҳ ва бардурӯғ дар васоити ахбори умум дар бораи пандемия тағйироту илова тасдиқ гардид.

Дар сурати ба ин қонуншиканӣ даст задан шаҳрванд дар ҳаҷми 580 сомонӣ ва шахсони ҳуқуқӣ – 11 ҳазору 600 сомонӣ ҷаримабандӣ мешаванд.

Барои ниқоб надоштан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва сериздиҳом, инчунин риоя накардани масофагирии байни ҳамдигар то 2 метр ба маблағи аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима ҷорӣ шуд.

То шоми рӯзи 9 июн дар Тоҷикистон шумори сироятёфтагон аз коронавирус ба 4 ҳазору 690 нафар (+ 81 кас) расид. Аз оғози эпидемия шумори умумии фавтидагон 48 нафар ва шахсони аз ин беморӣ шифоёфта 2 ҳазору 815 нафар (+52 кас)-ро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.