Дар Тоҷикистон рӯзноманигоронро ҷарима бастаниянд: барои дурӯғ ё ҳақиқат?

Умед Бобохонов, Asia-Plus

Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро қабул кард, ки дар он барои паҳн кардани маълумоти носаҳеҳ ва бардурӯғ дар бораи пандемия тариқи ВАО ҷарима пешбинӣ шудааст.

Агар лоиҳаи қонун мавриди амал қарор гирад, барои паҳнкунии чунин маълумот шахсони воқеӣ сар аз 580 сомонӣ ва ВАО ба маблағи то 11 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима шуда метавонанд. Барои ҳукми қонунӣ гирифтани лоиҳаи қонуни мазкур он бояд аз ҷониби сарвари давлат ба имзо расад.

Дар ин робита саволи мантиқие ба миён меояд: оё Вазорати тандурустӣ ва дигар мақомоти давлатӣ барои паҳн кардани “маълумоти носаҳеҳ ва бардурӯғ” мавриди амали қонуни мазкур қарор гирифта метавонанд?

Боз як саволи дигар: агар ин қонун аллакай давоми моҳҳои феврал-март амал мекард, пас давлат киро ҷазо медод – Вазорати тандурустиро, ки мегуфт дар кишвар коронавирус нест ё рӯзноманигорон, корбарони шабакаҳои иҷтимоиро, ки дар бораи аллакай паҳн шудани коронавирус дар Тоҷикистон бонги хатар мезаданд?

Пеш аз ҷорӣ кардани ҷазоҳо ба Вазорати тандурустӣ пешниҳод дорам, ки ному насаби ҳамаи 48 нафари аз коронавирус фавтидаро нашр намояд. Агар чунин шавад, пас дарҳол маълум хоҳад шуд, ки киро ҷазо мебояд дод.

Дар баръакси ҳол, лоиҳаи қонуни мазкур бештар на ба ғамхорӣ ба ҷомеаи тоҷикистониён, балки ба кӯшиши муҳри хомӯшӣ задан ба даҳони рӯзноманигорон ва мардуми одӣ монандӣ хоҳад дошт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...