Дар Тоҷикистон рӯзноманигоронро ҷарима бастаниянд: барои дурӯғ ё ҳақиқат?

Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро қабул кард, ки дар он барои паҳн кардани маълумоти носаҳеҳ ва бардурӯғ дар бораи пандемия тариқи ВАО ҷарима пешбинӣ шудааст. Агар лоиҳаи қонун мавриди амал қарор гирад, барои паҳнкунии чунин маълумот шахсони воқеӣ сар аз 580 сомонӣ ва ВАО ба маблағи то 11 ҳазору 600 сомонӣ […]

Умед Бобохонов, Asia-Plus

Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро қабул кард, ки дар он барои паҳн кардани маълумоти носаҳеҳ ва бардурӯғ дар бораи пандемия тариқи ВАО ҷарима пешбинӣ шудааст.

Агар лоиҳаи қонун мавриди амал қарор гирад, барои паҳнкунии чунин маълумот шахсони воқеӣ сар аз 580 сомонӣ ва ВАО ба маблағи то 11 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима шуда метавонанд. Барои ҳукми қонунӣ гирифтани лоиҳаи қонуни мазкур он бояд аз ҷониби сарвари давлат ба имзо расад.

Дар ин робита саволи мантиқие ба миён меояд: оё Вазорати тандурустӣ ва дигар мақомоти давлатӣ барои паҳн кардани “маълумоти носаҳеҳ ва бардурӯғ” мавриди амали қонуни мазкур қарор гирифта метавонанд?

Боз як саволи дигар: агар ин қонун аллакай давоми моҳҳои феврал-март амал мекард, пас давлат киро ҷазо медод – Вазорати тандурустиро, ки мегуфт дар кишвар коронавирус нест ё рӯзноманигорон, корбарони шабакаҳои иҷтимоиро, ки дар бораи аллакай паҳн шудани коронавирус дар Тоҷикистон бонги хатар мезаданд?

Пеш аз ҷорӣ кардани ҷазоҳо ба Вазорати тандурустӣ пешниҳод дорам, ки ному насаби ҳамаи 48 нафари аз коронавирус фавтидаро нашр намояд. Агар чунин шавад, пас дарҳол маълум хоҳад шуд, ки киро ҷазо мебояд дод.

Дар баръакси ҳол, лоиҳаи қонуни мазкур бештар на ба ғамхорӣ ба ҷомеаи тоҷикистониён, балки ба кӯшиши муҳри хомӯшӣ задан ба даҳони рӯзноманигорон ва мардуми одӣ монандӣ хоҳад дошт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.