Ҳиндустон ба Тоҷикистон боз доруворӣ кумак фиристод

Иттилоияи расмӣ

Рӯзи 15 июн сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон ҷаноби Вираҷ Сингҳ як миқдории навбатии кӯмаки тиббиро барои мардуми дӯсти Тоҷикистон ба Соҳибҷон Зиёдуллоев, муовини роҳбари Агентии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон тақдим кард.

 Аз 1 майи соли 2020 ҳукумати Ҳиндустон ба Тоҷикистон тақрибан 14 тонна лавозимоти тиббӣ, аз ҷумла доруҳо ва дигар маводҳои тиббиро, ки махсус барои мубориза бо пандемияи Ковид-19 истифода мешаванд, ирсол намуд.

Доруворӣ ҳамчун ғамхории дарозмуддат мебошад,  ки Ҳиндустон ба мардуми дӯст ва ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Равон  кардани ин доруҳо дар  замоне,  ки  тамоми  ҷаҳон  ба  пандемияи  Ковид-19 дучор  меояд,  аз робитаҳои наздики дуҷониба ва байналмилалии Ҳиндустон ва Тоҷикистон ва ӯҳдадории Ҳиндустон дар расонидани кӯмак ба кишварҳои шарики худ шаҳодат медиҳад.

Инчунин масъалаи ҳамкориҳои тиббии Ҳиндустон ва Тоҷикистон дар ҷараёни  гуфтугӯи  телефонии  вазири  корҳои  хориҷии  Ҳиндустон  доктор  С.Ҷайшанкар  ва  вазири  корҳои  хориҷии  Тоҷикистон  Ҷаноби  Сироҷиддин Муҳриддин мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ёрии башардӯстона дар намуди маводҳои тиббӣ бо парвозҳои махсус, ки барои бозгардонидани шаҳрвандони Ҳиндустон аз Тоҷикистон пешбинӣ гардида буданд,  ворид шудааст. 

Байни  27 майи  соли  2020 ва  14 июни  соли  2020 Сафорати  Ҳиндустон  дар  мувофиқа  бо  мақомоти  дахлдори  Ҳиндустон  ва Тоҷикистон 8 парвози  махсус – 2  парвозро  аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии ҳиндустонии Эйр  Индияa  (27 ва 28 майи соли 2020) ва 6 парвоз аз ҷониби ширкати Сомон  Эйрr  (6,  8,  10,  12,  13 ва 14 июни соли 2020) аз Душанбе ба шаҳрҳои  гуногуни  Ҳиндустон,  анҷом  додааст. 

Дар  ин  парвозҳо  1312  нафар шаҳрвандони  Ҳиндустон  ва  65  нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз ду самт ба ватан баргардонида шуданд, аз ҷумла 46 нафар мутахассисони  тоҷик/донишҷӯёни  тоҷик,  ки  дар  Ҳиндустон  дар  курсҳои мухталифи созмондодаи ҳукумати Ҳиндустон таҳсил мекарданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...