Ҳиндустон ба Тоҷикистон 4,6 тонна маводи тиббӣ фиристод

Парвози  махсуси  Air  India  Ai-1983/84,  ки  аз  ҷониби ҳукумати  Ҳиндустон  ташкил  карда  шуд,  ба  мардуми  дӯст  ва  ҳукумати Тоҷикистон 4,6 тонна доруҳоро барои дастгирии мубориза бо пандемияи Ковид-19 интиқол дод. Тавре сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон хабар медиҳад, кӯмаки башардӯстона  аз  ҷониби  сафири Ҳиндустон дар  Тоҷикистон Вираҷ Сингҳ дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ба намояндагони Тоҷикистон супорида […]

Asia-Plus

Парвози  махсуси  Air  India  Ai-1983/84,  ки  аз  ҷониби ҳукумати  Ҳиндустон  ташкил  карда  шуд,  ба  мардуми  дӯст  ва  ҳукумати Тоҷикистон 4,6 тонна доруҳоро барои дастгирии мубориза бо пандемияи Ковид-19 интиқол дод.

Тавре сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон хабар медиҳад, кӯмаки башардӯстона  аз  ҷониби  сафири Ҳиндустон дар  Тоҷикистон Вираҷ Сингҳ дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ба намояндагони Тоҷикистон супорида шуд.

Гуфта мешавад, кумакро муовини  аввали вазири  тандурустӣ  ва  ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Саида Умарзода, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Зоҳир Саидзода ва намояндаи  Агентии  захираҳои  давлатии  Тоҷикистон қабул карданд.

“Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки тибқи барномаи ITEC дар Ҳиндустон таҳсил мекард  ва  бо  сабаби пандемияи  Ковид-19  натавонист баргардад,  бо ҳамин хатсайри махсус ба ватан баргашт”, – омадааст дар хабари сафорат.

Зимнан зикр мегардад, ки дар бозгашт хатсайри “Эйр Индия” 143 нафар шаҳрванди Ҳиндустонро аз Душанбе ба Ҷайпур (Раҷастан) бурд.

Рӯзи 27 май ҳукумати Ҳиндустон барои бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон аз Ҳиндустон ва шаҳрвандони Ҳиндустон аз Тоҷикистон хатсайри махсус ташкил кард.

Бо хатсайри AI-1983-и ширкати “Эйр Индия” 45 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тибқи барномаҳои аз ҷониби ҳукумати Ҳиндустон маблағгузоришуда таҳсил мекарданду бар асари буҳрони Covid19 ва баста шудани фурудгоҳҳои Ҳиндустону Тоҷикистон дармонда буданд, ба ватан баргаштанд.

Қобили зикр аст, ки давоми ду рӯзи охир 286 нафар шаҳрвандони Ҳиндустон бо хатсайрҳои “Эйр Индия” ба ватанашон баргардонида шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.