Ҷасади донишҷӯи тоҷики ҳангоми наҷоти кӯдак дар Уфа ғарқшударо ба Душанбе меоранд

Мусои Бобоҳоҷӣ

Ҷасади донишҷӯи тоҷикро, ки дар Уфа ҳангоми наҷот додани кӯдак аз ғарқшавӣ ҳалок шуд, имрӯз ба Душанбе меоранд. Ҷасади Ҳоҷимурод Қаландарови 18-сола то сарҳади Қазоқистону Ӯзбекистон расонда шудааст.

“Мо ҷасадро бо мошин ҳанӯз13 инюн фиристода будем, лекин дар сарҳад иҷозати гузаштан надоданд, зеро дар ронанда ҳарорати баланд ошкор шуд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” консули генералии Тоҷикистон дар Уфа Эмом Саид Давлат.

Бино ба гуфтаи ӯ, бинобар ин, ронандаи дигар киро шуда, ҳамаи ҳуҷҷатҳои ӯ тахт шудааст.

“Баъди чанд соат мо иҷозаи гузаштани сарҳади Қазоқистону Ӯзбекистонро мегирем. Бо мусоидати сафорати мо дар Тошканд мошинро бо ҷасад то сарҳади Тоҷикистон кормандони Нозироти давлатии автомобилии Ӯзбекистон ҳамроҳӣ мекунанд”, – иттилоъ дод консули генералӣ.

Зикр шуд, ки ҳукумати Бошқирдистон ҳамаи хароҷоти ба ватан интиқол додани ҷасади Ҳоҷимуродро ба уҳда гирифта, ҳамчунин ваъда додаанд, ки пас аз анҷоми тафтиши қазия барои пайвандону наздикони Ҳоҷирмурод Қаландаров бо пул кумак мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки дар шаҳри Уфа (Бошқирдистон) ҳангоми талоши наҷоти кӯдак ҷавони 18-сола аз Тоҷикистон Ҳоҷимурод Қаландаров ҳалок шуд. Ин ҳодиса дар дарёи Белая рӯзи 7 июн рух дод. Ҷавон писарчаи дар ҳоли ғарқшавӣ қарордоштаро аз об берун оварда, вале худаш дигар ба соҳил баромада натавонист.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...