Созишномаи хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ ба Фаронса ба баррасии парлумон пешниҳод шуд

Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Фаронса оид ба алоқаи ҳавоӣ  ҷиҳати тасдиқ ба палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ пешниҳод шуд. Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, ин созишнома моҳи ноябри соли гузашта зимни сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса ба имзо расида буд. Дар созишнома […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Фаронса оид ба алоқаи ҳавоӣ  ҷиҳати тасдиқ ба палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ пешниҳод шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, ин созишнома моҳи ноябри соли гузашта зимни сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса ба имзо расида буд.

Дар созишнома ифтитоҳи хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Порис (Париж), инчунин бозомӯзӣ ва баланд бардоштани савияи дониши техникии мутахассисони авиатсияи гражданӣ, ҷалби онҳо ба курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ дар Академияи авиатсионии шаҳри Тулуза пешбинӣ гардидааст.

Дар созишнома инчунин ҷалби коршиносони фаронсавӣ ба Тоҷикистон барои гузаронидани тренингҳои омӯзишӣ барои рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ, табодули маълумот, таҷриба ва ғайра зикр шудааст.

Қобили зикр аст, ки айни замон аз Душанбе метавон бо транзит тариқи кишварҳои дигар, аз ҷумла давлатҳои аврупоӣ, ки Тоҷикистон бо онҳо хатсайрҳои мустақими дорад, то Порис расид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.