Реҷаи қатъи фаъолияти нуқтаҳои хизматрасонӣ дар Тоҷикистон ба охир расид

Asia-Plus

Аз имрӯз дар ҷумҳурӣ реҷаи маҷбурии қатъи фаъолияти нуқтаҳои хизматрасонӣ дар Тоҷикистон ба охир расид. Пас аз таваққуфи қариб думоҳа бозору марказҳои савдо, меҳмонхонаву осоишгоҳ, сартарошхонаву кошонаҳои ҳусн, тарабхонаву қаҳвахона ва дигар муассисаву нуқтаҳои хизматрасонӣ дубора ба фаъолият оғоз мекунанд.

Ҳамаи иншоот бояд мунтазам баргузории корҳои безараргардонии биноҳо ва назорати риояи масофаи байни ҳамдигарро таъмин намуда, одамоне, ки аз хизматгузории онҳо истифода мебаранд, бояд ниқоб пӯшида бошанд.

Дар сартарошхонаву кошонаҳои ҳусн бояд мудом корҳои безараргардонӣ (дезинфексия) гузаронида шуда, дар бозору марказҳои савдо қоидаҳои бехатарӣ риоя шаванд. Масалан, дар даромадгоҳи бозорҳо ҳарорати шахс санҷида мешавад.

Минтақаҳои истироҳат низ боз мешаванд. Аз ҷумла, маҷмааи истироҳату фароғати “Кӯли Душанбе” эълон кард, ки аз 13 июн ба фаъолият оғоз мекунад.

Ёдрас мекунем, ки қариб ҳамаи сохторҳои низоми хизматрасонӣ бо қарори раиси шаҳри Душанбе нахуст аз охири моҳи апрел то нимаи моҳи май ва баъдан то нимаи моҳи июн фаъолияти худро қатъ карданд.

Беморхонаҳо ҳам ба фаъолияти муқаррарӣ бармегарданд. Дармонгоҳи гастроэнтерология (клиникаи Мансуров)-и ҷумҳурӣ, беморхонаи КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил ва Маркази бемориҳои урологӣ, воқеъ дар Маркази миллии тиббии “Шифобахш” ва бахши таваллудхонаи Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”, ки як муддати муайян ба муоинаву муолиҷаи беморони коронавирус омода гардида буданд,  ба фаъолияти муқаррарии корӣ бармегарданд.

Беморони COVID-19 танҳо дар 2 беморхонаи сироятӣ – қисман дар “Шифобахш” (Қарияи Боло) ва ду корпуси беморхонаи “Истиқлол” қабул карда мешаванд.

Бо вуҷуди бекор шудани маҳдудиятҳо дар Душанбе, шаҳрвандон бояд дар хотир дошта бошанд, ки COVID-19 ҳоло пурра моро тарк накардааст.

Тибқи маълумоти расмӣ, то шоми рӯзи 14 июн шумори умумии сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 5 ҳазору 35 нафарро ташкил медиҳад. Аз оғози эпидемия бар асари ин беморӣ 50 нафар фавтида, 3 ҳазору 409 нафар шифо ёфтанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...