Коронавирус дар Тоҷикистон: шумори сироятёфтагон аз ҳадди 5 ҳазор нафар гузашт

Шумори умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон то шоми 14 июн 5 ҳазору 35 нафарро ташкил медиҳад. Тӯли шабонарӯзи гузашта 64 ҳолати нави сироят аз коронавирус сабт шуда, теъдоди умумии фавтидагон аз оғози эълони эпидемия 50 нафар боқӣ мемонад. Тавре Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, то 14 июн 540 нафар зери назорати табибон қарор дошта, […]

Шумори умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон то шоми 14 июн 5 ҳазору 35 нафарро ташкил медиҳад.

Тӯли шабонарӯзи гузашта 64 ҳолати нави сироят аз коронавирус сабт шуда, теъдоди умумии фавтидагон аз оғози эълони эпидемия 50 нафар боқӣ мемонад.

Тавре Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, то 14 июн 540 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 121 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд. Теъдоди умумии шифоёфтагон то ба имрӯз 3 ҳазору 409 (67,7%) нафарро ташкил медиҳад.

Чуноки маълум аст, аз имрӯз дар Тоҷикистон бозору марказҳои савдо, кошонаҳои ҳусн ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ дубора ба фаъолият оғоз мекунанд. Дар робита ба боз шудани сарҳади чанде аз кишварҳо, мардум инчунин ба масъалаи кушодашавии сарҳадҳои мо низ таваҷҷуҳ доранд.

Дар ҳамин ҳол, тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, масъалаи боз шудани сарҳади заминӣ ва ҳавоии Тоҷикистон имрӯз мавриди баррасӣ қарор надорад.

Ба гуфтаи манбаъ, айни замон ҳамаи постгоҳҳои назоратӣ дар сарҳади байни Тоҷикистон бо Ӯзбекистону Афғонистон ва Қиргизистну Чин баста боқӣ мемонанд. Танҳо ба гузаронидани бору мол ва маҳсулоти кумаки башардӯстона ва транзитӣ иҷоза дода мешавад.

Тавре Podrobno.uz хабар медиҳад, аз имрӯз, 15 июн Ӯзбекистон иртиботи ҳавоии байнулмилалиро дубора қисман барқарор мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.