Соҳибкорони Рашт ба хуросониҳои осебдида кумак карданд

Сайраҳмон Назриев, Азия-Плюс

Соҳибкорони раштӣ Муҳаммадҷон Низомов ва Шарафҷон Бобоҷонов ба осебдидагони ноҳияи Хуросон, ки бар асари омадани сели рӯзҳои 14-16 май манзилҳояшон зарар диданд, кумаки молӣ расонданд.

Чуноне аз маркази матбуотии раиси вилояти Хатлон хабар доданд, ин соҳибкорони раштӣ ба 67 оилаи зарардида 1000 сомонӣ ва як халтаи орди 50 кг кумак карданд.

Дар баробари соҳибкорони раштӣ ширкати “БаҳорОйл” – и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба ҳар оила 750 сомонӣ ва соҳибкори ёвонӣ Баҳриддин Ҷӯрахонов, молики корхонаи истеҳсоли семент “Моҳирсемент”  ба ҳар оила 2 ҳазор сомонӣ тақдим кардаанд.

Дар хабар омадааст, ки то имрӯз алакай пойдевори сохтмонӣ манзилҳои оилаҳои зарардида дар мавзеъи Чорбоғ ба анҷом расида, айни замон бардоштани деворҳо шурӯъ шудааст.

Қобили ёдоварист, ки дар натиҷаи боришоти шадиди рӯзи 14 май 67 манзили зисти мардуми деҳаҳои Неъматулло Асадулло ва Партсъезд зарар дид. Ҳаҷми умумии зарарро ниҳодҳои давлатӣ 6 миллиону 725 ҳазор сомонӣ эълон карда буданд.

Ба ин оилаҳо  аз ҷониби Пешвои миллат ба зарардидагон 370 тонна семент, 74 тонна арматура, 3700 дона шифер ва 370 метри кубӣ тахта дода шуда, сохтмони манзилҳои нав дар маҳалли Чорбоғ шурӯъ гардидааст. Инчунин, 84 тонна маводи озуқа, аз ҷумла орд, равған, картошка, пиёз, сабзӣ, биринҷ, макарон, маҳсулоти донагӣ ба осебдидагон расонида шуд.

Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бошад, ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардида 15 тонна орд, 8,5 тонна биринҷ, 1,5 тонна равған, 1,8 тонна макарон, 6,6 тонна пиёз, 4,5 тонна картошка ва 12 тонна сабзӣ, ҳамчунин маводҳои тиббию муҳофизатӣ, маҳлулҳои антисептикӣ тақсим карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...