Соҳибкорони Рашт ба хуросониҳои осебдида кумак карданд

Соҳибкорони раштӣ Муҳаммадҷон Низомов ва Шарафҷон Бобоҷонов ба осебдидагони ноҳияи Хуросон, ки бар асари омадани сели рӯзҳои 14-16 май манзилҳояшон зарар диданд, кумаки молӣ расонданд. Чуноне аз маркази матбуотии раиси вилояти Хатлон хабар доданд, ин соҳибкорони раштӣ ба 67 оилаи зарардида 1000 сомонӣ ва як халтаи орди 50 кг кумак карданд. Дар баробари соҳибкорони раштӣ […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Соҳибкорони раштӣ Муҳаммадҷон Низомов ва Шарафҷон Бобоҷонов ба осебдидагони ноҳияи Хуросон, ки бар асари омадани сели рӯзҳои 14-16 май манзилҳояшон зарар диданд, кумаки молӣ расонданд.

Чуноне аз маркази матбуотии раиси вилояти Хатлон хабар доданд, ин соҳибкорони раштӣ ба 67 оилаи зарардида 1000 сомонӣ ва як халтаи орди 50 кг кумак карданд.

Дар баробари соҳибкорони раштӣ ширкати “БаҳорОйл” – и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба ҳар оила 750 сомонӣ ва соҳибкори ёвонӣ Баҳриддин Ҷӯрахонов, молики корхонаи истеҳсоли семент “Моҳирсемент”  ба ҳар оила 2 ҳазор сомонӣ тақдим кардаанд.

Дар хабар омадааст, ки то имрӯз алакай пойдевори сохтмонӣ манзилҳои оилаҳои зарардида дар мавзеъи Чорбоғ ба анҷом расида, айни замон бардоштани деворҳо шурӯъ шудааст.

Қобили ёдоварист, ки дар натиҷаи боришоти шадиди рӯзи 14 май 67 манзили зисти мардуми деҳаҳои Неъматулло Асадулло ва Партсъезд зарар дид. Ҳаҷми умумии зарарро ниҳодҳои давлатӣ 6 миллиону 725 ҳазор сомонӣ эълон карда буданд.

Ба ин оилаҳо  аз ҷониби Пешвои миллат ба зарардидагон 370 тонна семент, 74 тонна арматура, 3700 дона шифер ва 370 метри кубӣ тахта дода шуда, сохтмони манзилҳои нав дар маҳалли Чорбоғ шурӯъ гардидааст. Инчунин, 84 тонна маводи озуқа, аз ҷумла орд, равған, картошка, пиёз, сабзӣ, биринҷ, макарон, маҳсулоти донагӣ ба осебдидагон расонида шуд.

Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бошад, ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардида 15 тонна орд, 8,5 тонна биринҷ, 1,5 тонна равған, 1,8 тонна макарон, 6,6 тонна пиёз, 4,5 тонна картошка ва 12 тонна сабзӣ, ҳамчунин маводҳои тиббию муҳофизатӣ, маҳлулҳои антисептикӣ тақсим карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.