“Тоҷик Эйр” парвозҳоро байни Душанбе ва Хоруғ барқарор мекунад

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” парвозҳоро тариқи хатсайри Душанбе – Хоруғ – Душанбе барқарор мекунад. Ширкат рӯзи 16 июн чунин тасмим гирифтааст. Парвозҳо бо ҳавопаймои тамғаи Ан-2 анҷом дода мешаванд.

“Билетҳо пас аз сабти пешакии мусофирон ба хатсайр фурӯхта мешаванд. Хоҳишмандони гирифтани билетро лозим аст, ки ба дафтари кории ширкат дар Душанбе ва Хоруғ муроҷиат кунанд ё бо рақамҳои +992-905-100-200, +992 – 48- 701-50-50 занг зананд”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз “Тоҷик Эйр.

Тибқи маълумоти ширкат, арзиши билет ба як самт 990 сомонӣ, барои кӯдакони синни то 11-сола – 50% аз арзиши билет барои калонсолон (495 сомонӣ)-ро ташкил дода, барои кӯдакони синни то 5-сола бепул аст.

“Пас аз ҷамъоварии шумори муайяни мусофирон ширкат пешакӣ бо онҳо дар иртибот шуда, дар бораи рӯзи парвоз хабар медиҳад. Агар хоҳишмадон зиёд бошанд, хатсайр дар як ҳафта ду маротиба ташкил мешавад”, – гуфтанд дар ширкат.

Алоқаи ҳавоӣ байни Душанбе ва Хоруғ аз аввали моҳи октябри соли гузашта мутаваққиф шуда буд. То ин дам парвозҳо ба Хоруғ тариқи ягона ҳавопаймои Ан-28, ки бо иҷозатномаи парвоз дар ихтиёри “Тоҷик Эйр” қарор дошт, анҷом дода мешуданд.

Соли 2019 ҳавопаймои ширкати«Pactec International» ба Хоруғ парвоз мекард. Аммо моҳи июни соли равон Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе парвозҳои ширкатро ба шаҳри Хоруғ манъ ва имзои шартномаро бо пардохти 101 доллар барои ҳар як нишаст талаб кард.

Бо дархости раиси ВМКБ Ёдгор Файзов Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ба ширкати «Pactec International» ҷиҳати бепул парвоз кардан ба Хоруғ иҷоза дод, лекин баъди иҷрои якчанд парвоз онҳо боз қатъ шуданд.

Айни замон танҳо тариқи роҳи мошингард ба шаҳри Хоруғ сафар кардан имкон дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...