Қазоқистон иртиботи ҳавоиро бо Тоҷикистон барқарор карданист

Asia-Plus

Қазоқистон парвозҳои байнулмилалиро бо як қатор кишварҳо барқарор мекунад. Дар ин бора Tengrinews.kz бо истинод ба сардухтури санитарии кишвар дар нақлиёт Садвакас Байгабулов хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, рӯйхати кишварҳои дараҷаҳои якум ва дуюм, ки Қазоқистон бо онҳо хатсайрҳои байнулмилатиро барқарор мекунад, васеъ шудааст.

Ба дараҷаи якум илова шудаанд: Маҷористон (Венгрия), Ҳиндустон, Олмон, Чехия ва Малайзия. Барои мусофироне, ки аз кишварҳои дараҷаи якум меоянд, маҳдудият нест. Ба ин дараҷа қаблан чунин кишварҳо дохил буданд: Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Гурҷистон, Ҷопон ва Таиланд.

Қазоқистон ба кишварҳои дараҷаи дуюм ба ҷуз Туркия, ҳамчунин Миср, Украина, Лаҳистон (Полша), Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистонро илова кардааст. Лекин ин ҷо баъзе маҳдудиятҳо амал мекунанд.

“Барои мусофироне, ки аз кишварҳои дараҷаи дуюм меоянд, чунин маҳдудиятҳо амал мекунанд: агар мусофирон маълумотнома оид ба COVID-19 дошта бошанду аз замони гирифтани он то убури сарҳади давлатӣ 5 рӯз нагузашта бошад, маҳдудият нест. Агар маълумотнома набошад, ба мутахассисони нуқтаҳои карантин огоҳинома дар бораи гузаштани ташхис дар муддати 48 соат супурда мешавад ё аз вақти омадан ба фурудгоҳ карантини 14-рӯзаи хонагӣ муқаррар мешавад”, – шарҳ додааст Садвакас Байгабулов.

Ӯ ҳамчунин таъкид доштааст, ки дигар кишварҳо ба дараҷаи сеюм дохил шуда, алоқаи ҳавоӣ бо онҳо алҳол барқарор намешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...