Қазоқистон иртиботи ҳавоиро бо Тоҷикистон барқарор карданист

Қазоқистон парвозҳои байнулмилалиро бо як қатор кишварҳо барқарор мекунад. Дар ин бора Tengrinews.kz бо истинод ба сардухтури санитарии кишвар дар нақлиёт Садвакас Байгабулов хабар медиҳад. Гуфта мешавад, рӯйхати кишварҳои дараҷаҳои якум ва дуюм, ки Қазоқистон бо онҳо хатсайрҳои байнулмилатиро барқарор мекунад, васеъ шудааст. Ба дараҷаи якум илова шудаанд: Маҷористон (Венгрия), Ҳиндустон, Олмон, Чехия ва Малайзия. […]

Қазоқистон парвозҳои байнулмилалиро бо як қатор кишварҳо барқарор мекунад. Дар ин бора Tengrinews.kz бо истинод ба сардухтури санитарии кишвар дар нақлиёт Садвакас Байгабулов хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, рӯйхати кишварҳои дараҷаҳои якум ва дуюм, ки Қазоқистон бо онҳо хатсайрҳои байнулмилатиро барқарор мекунад, васеъ шудааст.

Ба дараҷаи якум илова шудаанд: Маҷористон (Венгрия), Ҳиндустон, Олмон, Чехия ва Малайзия. Барои мусофироне, ки аз кишварҳои дараҷаи якум меоянд, маҳдудият нест. Ба ин дараҷа қаблан чунин кишварҳо дохил буданд: Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Гурҷистон, Ҷопон ва Таиланд.

Қазоқистон ба кишварҳои дараҷаи дуюм ба ҷуз Туркия, ҳамчунин Миср, Украина, Лаҳистон (Полша), Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистонро илова кардааст. Лекин ин ҷо баъзе маҳдудиятҳо амал мекунанд.

“Барои мусофироне, ки аз кишварҳои дараҷаи дуюм меоянд, чунин маҳдудиятҳо амал мекунанд: агар мусофирон маълумотнома оид ба COVID-19 дошта бошанду аз замони гирифтани он то убури сарҳади давлатӣ 5 рӯз нагузашта бошад, маҳдудият нест. Агар маълумотнома набошад, ба мутахассисони нуқтаҳои карантин огоҳинома дар бораи гузаштани ташхис дар муддати 48 соат супурда мешавад ё аз вақти омадан ба фурудгоҳ карантини 14-рӯзаи хонагӣ муқаррар мешавад”, – шарҳ додааст Садвакас Байгабулов.

Ӯ ҳамчунин таъкид доштааст, ки дигар кишварҳо ба дараҷаи сеюм дохил шуда, алоқаи ҳавоӣ бо онҳо алҳол барқарор намешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.