Ҳукми 20 соли зиндон ба сокини Истаравшан барои қатли бераҳмонаи ҳамсараш

Date:

Дар ҷаласаи сайёри ҳайати мушовара оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Суғд парвандаи сокини 48-солаи шаҳри Истаравшан Илҳом Қурбонов, ки ҳамсарашро назди кӯдак бераҳмона кушта буд, баррасӣ шуд.

Судяи суди вилоят, ҳамзамон раиси мурофиаи мазкур Анвар Абдуғаффорӣ ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки Қурбонов қаблан 2 бор суд шуда, бекор буд ва ин масъала гоҳ-гоҳ ба баҳсу муноқиша бо ҳамсараш боис мегардид.

“Шоми 27-уми декабри соли 2019 пас аз муноқишаи навбатӣ Қурбонов дар ҳузури духтари ноболиғаш ба ҷисми ҳамсараш Гулрӯ Муллоева бо корд 13 маротиба зарба мезанад, ки дар натиҷа зан аз ҷароҳатҳои бардошта дар бемористони Истаравшан ҳалок мешавад”, – иброз дошт судя.

Зимнан илова шуд, ки маҳкумшуда муҳлати ҷазоро дар муассисаи ислоҳии низомаш сахт адо мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...