Ҳукми 20 соли зиндон ба сокини Истаравшан барои қатли бераҳмонаи ҳамсараш

Дар ҷаласаи сайёри ҳайати мушовара оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Суғд парвандаи сокини 48-солаи шаҳри Истаравшан Илҳом Қурбонов, ки ҳамсарашро назди кӯдак бераҳмона кушта буд, баррасӣ шуд. Судяи суди вилоят, ҳамзамон раиси мурофиаи мазкур Анвар Абдуғаффорӣ ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки Қурбонов қаблан 2 бор суд шуда, бекор буд ва ин масъала гоҳ-гоҳ ба […]

Дар ҷаласаи сайёри ҳайати мушовара оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Суғд парвандаи сокини 48-солаи шаҳри Истаравшан Илҳом Қурбонов, ки ҳамсарашро назди кӯдак бераҳмона кушта буд, баррасӣ шуд.

Судяи суди вилоят, ҳамзамон раиси мурофиаи мазкур Анвар Абдуғаффорӣ ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки Қурбонов қаблан 2 бор суд шуда, бекор буд ва ин масъала гоҳ-гоҳ ба баҳсу муноқиша бо ҳамсараш боис мегардид.

“Шоми 27-уми декабри соли 2019 пас аз муноқишаи навбатӣ Қурбонов дар ҳузури духтари ноболиғаш ба ҷисми ҳамсараш Гулрӯ Муллоева бо корд 13 маротиба зарба мезанад, ки дар натиҷа зан аз ҷароҳатҳои бардошта дар бемористони Истаравшан ҳалок мешавад”, – иброз дошт судя.

Зимнан илова шуд, ки маҳкумшуда муҳлати ҷазоро дар муассисаи ислоҳии низомаш сахт адо мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.