Бонки ҷаҳонӣ барои таҷдиди неругоҳи Норак боз $50 млн ҷудо мекунад

Asia-Plus

Шӯрои мудирони Бонки ҷаҳонӣ маблағгузории иловагиии грантиро ба маблағи 50 млн доллар аз Ассотсаитсияи байнулмилалии рушд барои татбиқи марҳилаи дуюми барқарорсозии неругоҳи барқии обии Норак тасдиқ кард. Дар ин бора хабаргузории “Авеста” иттилоъ медиҳад.

Тавре дар сомонаи Бонки ҷаҳонӣ қайд мешавад, неругоҳи мазкур дороии бештар муҳими низоми энергеткии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Гуфта мешавад, неругоҳи барқии Норак бо иқтидори беш аз 3000 мегаватт ҳудуди 50% аз ҳаҷми умумии истеҳсоли солонаи барқро дар Тоҷикистон таъмин мекунад. Айни замон дар неругоҳ ҳамагӣ сеяки иқтидори муқарраршуда истифода мегардад.

Тибқи асосноксозии техникӣ-иқтисодии гузаронидашуда, маблағи умумии таҷдиду навсозии неругоҳ то 700 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ гардидааст. Муҳлати умумии татбиқи лоиҳа 10 солро ташкил дода, бо назардошти дастрасии маблағҳо дар ду марҳила амалӣ хоҳад шуд.

Марҳилаи якуми лоиҳа аз 4 қисм – иваз кардани 3 агрегат ва таҷҳизоти ёрирасони онҳо, инчунин автотрансформаторҳо (6 адад автотрансформаторҳои якфазаи 220/500кВ) ва таъмини бехатарии садд иборат буда, муҳлати татбиқи он давоми 5 сол (солҳои 2019-2023) пешбинӣ шудааст.

Татбиқи марҳилаи I лоиҳаи барқарорсозии неругоҳи Норак бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ ($225,7 млн), Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ ($60 млн) ва Бонки аврусоёии рушд ($40 млн) моҳи марти соли 2019 оғоз гардида буд.

Марҳилаи дуюми лоиҳа таҷдиди 6 агрегати боқимонда ва таҷҳизоти ёрирасони неругоҳро дар бар мегирад. Дар доираи он имконоти ҳайати шахсии неругоҳи Норак ва ШСХК “Барқи тоҷик” баҳри пурзӯр кардани мониторинги бехатарии сарбанд, истифода ва идоракунии иншооти гидротехникӣ тақвият дода мешавад.

Арзиши умумии марҳилаи дуюми амалисозии лоиҳа 192 млн долларро ташкил дода, ҳукумати Тоҷикистон айни замон бо дигар шарикони рушд бо мақсади таъмини захираҳои зарурии иловагӣ гуфтушунид дорад.

Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Норак” иқтидори лоиҳавии неругоҳ аз 3000 ба 3300 МВт афзоиш меёбад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...