Роҳбарони вазорату идораҳо аз натиҷаҳои фаъолияташон ба журналистон ҳисобот медиҳанд

Нишастҳои хабарии маъмулии вазорату идораҳо, ташкилоту корхона ва муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Тоҷикистон аз рӯйи натиҷаҳои фаъолият дар нимаи аввали соли 2020 рӯзи 13-уми июл оғоз мешаванд. Маъмулан роҳбарони вазорату идораҳои кишвар ба намояндагони васоити ахбори умум дар бораи натиҷаҳои фаъолият, дастоварду камбудиҳо дар ин давра маълумот дода, ба суолҳои рӯзноманигорон посух медиҳанд. […]

Нишастҳои хабарии маъмулии вазорату идораҳо, ташкилоту корхона ва муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Тоҷикистон аз рӯйи натиҷаҳои фаъолият дар нимаи аввали соли 2020 рӯзи 13-уми июл оғоз мешаванд.

Маъмулан роҳбарони вазорату идораҳои кишвар ба намояндагони васоити ахбори умум дар бораи натиҷаҳои фаъолият, дастоварду камбудиҳо дар ин давра маълумот дода, ба суолҳои рӯзноманигорон посух медиҳанд.

Нахуст рӯзи 13-уми июл нишастҳои хабарии Вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, адлия, кишоварзӣ, Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ баргузор мешаванд.

Нишастҳои матбуотии мақомоту сохторҳои давлатии Тоҷикистон то 31-уми июл идома меёбанд.

Қобили зикр аст, ки тибқи супориши сарвари давлат аз 4-уми марти соли 2005, бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти вазорату идораҳо ва ҳамчунин дастрасии матбуот ба сарчашмаҳои расмии маълумот нишастҳои хабарӣ дар ҳар семоҳа гузаронида мешуданд.

Аммо баъдан ба супориши мазкур тағйирот ворид гардида, шурӯъ аз 1-уми октябри соли 2011 нишастҳои хабарии ҳатмии мақомоти давлатӣ дар ним сол як маротиба баргузор мешаванд.

Дар супориши мазкур зикр шудааст, ки дар сурати зарурат роҳбарони вазорату идораҳо метавонанд дар як моҳ якчанд маротиба нишасти хабарӣ баргузор кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.