Эҳтимоли тағйири тарифҳои об дар Тоҷикистон

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон ба тасдиқи Тартиби таҳияи тарифҳо ба хизматрасонии таъминот бо оби нӯшокӣ ва зашбуру обпартоиро дастур дод. Қарори дахлдор аз ҷониби ҳукумат 23 июни соли равон қабул шудааст.

Дар қарор қайд мешавад, ки санад “бо мақсади танзими минбаъдаи танзими тарифҳо ба хизматрасонии таъминот бо оби нӯшокӣ ва зашбуру обпартоӣ дар ҷумҳурӣ” омода шудааст.

Матни Тартиботи таҳияшуда аз ҷониби Бонки мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи ҶТ ҳоло нашр нашудааст.

Дар қарор ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ дастур дода мешавад, ки дар ҳамдастӣ бо корххонаҳои таъминот бо об ва заҳбуру обпарто бар асоси ин тартибот тарифҳои мазкурро муайян ва тасдиқ кунанд.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва субъектҳои хоҷагидоре, ки ба таъминот бо об ва корҳои заҳбуру обпарто машғуланд, сарфи назар аз шакли моликият, ба иҷрои Тариботи таҳияшуда уҳдадор шуданд.

Қобили зикр аст, ки дар фармони аввали моҳи июн имзошудаи президенти кишвар гардида буд: “… то охири соли ҷорӣ баррасии масъалаи болоравии тарифҳо ба хизматрасониҳо, аз ҷумла ба неруи барқ, об, обёрӣ, алоқа ва хизматрасониҳои коммуналӣ мавқуф гузошта шавад”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.