Ҳама гуна кори вазнин ба 2 доллар: Рӯзгори занони танҳо дар Тоҷикистон

Маҳпора Киромова, коргардон, Парвиз Турсунзода, наворбардор ва танзимгар

Дар филми мустанади “Мардикор” оид ба мушкилоти занони коргар аз шаҳри Бохтар, ки дар 100 километрии Душанбе воқеъ аст, ҳикоят мешавад.

Ин филм аз зиндагии якрангу хеле душвори занҳои бенаво қисса мекунад, ки аз ноилоҷӣ худро ба бозори худҷӯши меҳнат задаанд. Аксари ин занҳо бори рӯзгорро танҳо мекашанд, зеро ҳамсарони муҳоҷирашон муқими Русия гардида, дубора на ёди Ватан ва на ёди аҳли байт накардаанд. Дар бозори мардикори шаҳри Бохтар ҳам модарони серфарзанд ва ҳам духтарони ҷавону ноболиғро дидан мумкин аст, ки ҳар яки онҳо бо азми мардона барои як бурда нони беминнат рӯзбайъ шуғле меҷӯянд.

Дар Тоҷикистон, ки расман беш аз 53 ҳазор нафар бекорон ба қайд гирифта шудаанд, пайдо шудани ҳар гуна бозори кор маъмулист. Агар пештар дар ин бозорҳо танҳо мардон хизмати худро пешниҳод мекарданд, ҳоло дар ин ҷо метавон бо заноне ҳам дучор шуд, ки барои 2-3 доллар ба иҷрои ҳама гуна кори вазнин омодаанд.

“Дар филми ҳуҷҷатии кӯтоҳмуддати “Мардикор” оид ба рӯзгору тақдири маҳз чунин занон маълумот дода мешавад. Шавҳарони онҳо солҳои тӯлонӣ дар Русия буда, барои таъмини зиндагии онҳо пул намефиристанд. Бисёре аз занони бекори ин бозор ҳатто шаҳодатномаи хатми мактаби миёна надоранд ва аз нисф зиёдашон серфарзанд мебошанд”, – иброз дошт коргардони филм Маҳпора Киромова.

Филми мазкур дар доираи “Барномаи MediaCAMP дар Осиёи Марказӣ”, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мешавад, таҳия шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...