Ҳама гуна кори вазнин ба 2 доллар: Рӯзгори занони танҳо дар Тоҷикистон

Дар филми мустанади “Мардикор” оид ба мушкилоти занони коргар аз шаҳри Бохтар, ки дар 100 километрии Душанбе воқеъ аст, ҳикоят мешавад. Ин филм аз зиндагии якрангу хеле душвори занҳои бенаво қисса мекунад, ки аз ноилоҷӣ худро ба бозори худҷӯши меҳнат задаанд. Аксари ин занҳо бори рӯзгорро танҳо мекашанд, зеро ҳамсарони муҳоҷирашон муқими Русия гардида, дубора на ёди Ватан […]

Дар филми мустанади “Мардикор” оид ба мушкилоти занони коргар аз шаҳри Бохтар, ки дар 100 километрии Душанбе воқеъ аст, ҳикоят мешавад.

Ин филм аз зиндагии якрангу хеле душвори занҳои бенаво қисса мекунад, ки аз ноилоҷӣ худро ба бозори худҷӯши меҳнат задаанд. Аксари ин занҳо бори рӯзгорро танҳо мекашанд, зеро ҳамсарони муҳоҷирашон муқими Русия гардида, дубора на ёди Ватан ва на ёди аҳли байт накардаанд. Дар бозори мардикори шаҳри Бохтар ҳам модарони серфарзанд ва ҳам духтарони ҷавону ноболиғро дидан мумкин аст, ки ҳар яки онҳо бо азми мардона барои як бурда нони беминнат рӯзбайъ шуғле меҷӯянд.

Дар Тоҷикистон, ки расман беш аз 53 ҳазор нафар бекорон ба қайд гирифта шудаанд, пайдо шудани ҳар гуна бозори кор маъмулист. Агар пештар дар ин бозорҳо танҳо мардон хизмати худро пешниҳод мекарданд, ҳоло дар ин ҷо метавон бо заноне ҳам дучор шуд, ки барои 2-3 доллар ба иҷрои ҳама гуна кори вазнин омодаанд.

“Дар филми ҳуҷҷатии кӯтоҳмуддати “Мардикор” оид ба рӯзгору тақдири маҳз чунин занон маълумот дода мешавад. Шавҳарони онҳо солҳои тӯлонӣ дар Русия буда, барои таъмини зиндагии онҳо пул намефиристанд. Бисёре аз занони бекори ин бозор ҳатто шаҳодатномаи хатми мактаби миёна надоранд ва аз нисф зиёдашон серфарзанд мебошанд”, – иброз дошт коргардони филм Маҳпора Киромова.

Филми мазкур дар доираи “Барномаи MediaCAMP дар Осиёи Марказӣ”, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мешавад, таҳия шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.