Футболбози тоҷик дар мусобиқаи Лигаи Аврупо бозӣ мекунад

Asia-Plus

Нимҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон Парвизҷон Умарбоев, ки дар дастаи “Локомотив” (Пловдив) бозӣ мекунад, бо дастаи худ ба дарёфти Ҷоми Булғористон шарафёб гардид. Ин ғалаба ба дастаи Умарбоев имкон медиҳад, ки дар марҳилаи интихобии мусобиқаи Лигаи Аврупо иштирок кунад.

Дар Булғористон бозии финалӣ барои дарёфти Ҷоми ин кишвар доир гардида, “Локомотив” бар дастаи ССКА (София) дастболо шуд. Вақти асосӣ ва иловагии бозӣ мусовӣ – 0:0 анҷом ёфта, дар задани зарбаҳои 11-метра “Локомотив” бо ҳисоби 5:2 ғолиб омад.

Футболбози тоҷик Парвиз Умарбоев дар ҳайати асосии даста баромада, 109 дақиқа бозӣ кард ва ба баҳои баланди мутахассисон сазовор гашт.

Бо дарёфти Ҷоми Булғористон дастаи Умарбоев ду сол пайдарпай барои иштирок дар марҳилаи интихобии мусобиқаи Лигаи Аврупо-2020/2021 ҳуқуқ пайдо намуд.

Нимҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон Парвиз Умарбоев аз соли 2016 дар дастаи “Локомотив” (Пловдив) бозӣ мекунад. Дар зарфи 4 сол Умарбоев дар ҳайати ин даста беш аз 100 бозӣ гузаронидааст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи фарзияи интернет-поратли маъруфи Олмон – transfermarkt.de, ки махсус ба муайян кардани арзиши бозигарон машғул аст, Умарбоев гаронтарин футболбоз дар ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон мебошад.

Ҳанӯз чанде пеш transfermarkt.de нархи Парвиз Умарбоевро 500 ҳазор евро муайян карда буд. Акнун нархи Парвиз якбора 100 ҳазор афзуда, ба 600 ҳазор евро расид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...