Шабонарӯзи охир сомонӣ нисбат ба евро қариб 0,7% беқурб шуд

Қурби расмии асъори Тоҷикистон нисбат ба евро тайи шабонарӯзи охир ба андозаи қариб 0,7% поин рафт. Имрӯз, 3 июл қурби асъори аврупоӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи 11,63 сомонӣ (1 евро) муқаррар шудааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки як рӯз пеш 1 евро 11,55 сомонӣ арзиш дошт. Аз оғози сол сомонӣ нисбат […]

Қурби расмии асъори Тоҷикистон нисбат ба евро тайи шабонарӯзи охир ба андозаи қариб 0,7% поин рафт.

Имрӯз, 3 июл қурби асъори аврупоӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи 11,63 сомонӣ (1 евро) муқаррар шудааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки як рӯз пеш 1 евро 11,55 сомонӣ арзиш дошт.

Аз оғози сол сомонӣ нисбат евро дар умум ба андозаи 6,9% – аз 10,88 сомонӣ барои 1 евро дар моҳи январ то ба 1,63 сомонии ҳозира беқурб шуд.

Қурби доллари амрикоӣ нисбат ба арзи милии тоҷикӣ дар ин давра ба андозаи 5,9% (аз 9,69 сомонӣ то 10,30 сомонӣ барои 1 доллар) боло рафта, қурби рубли русӣ баръакс, ба миқдори 7,6% коҳиш ёфт.

Бонки миллӣ то ҳол тағйири назаррраси қурби евроро нисбат ба сомонӣ шарҳ надода, лекин иқтисодчиён инро ба босуръат камшавии ворид гардидани ин асъор ба кишвар вобаста медонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.