Ҳалокати 2 тоҷикистонӣ ҳангоми кандани чоҳ дар вилояти Ленинград

Дар деҳаи Пигелевои ноҳияи Ломоносови вилояти Ленингради Русия ду тоҷикистонӣ ҳангоми кандани чоҳ зери девори хоктӯда монданд. Дар ин бора 78.ru хабар медиҳад. Ин ҳодисаи форҷеабор 2 июл рӯзона рух дода, корҳои ҷустуҷӯ бинобар сабаби хоки рехта ба муддати зиёд тӯл кашид. Ҷасадҳои мардони 30 ва 40-солаи зодаи Тоҷикистон қарибиҳои нимашаб аз чоҳ берун оварда […]

Asia-Plus

Дар деҳаи Пигелевои ноҳияи Ломоносови вилояти Ленингради Русия ду тоҷикистонӣ ҳангоми кандани чоҳ зери девори хоктӯда монданд. Дар ин бора 78.ru хабар медиҳад.

Ин ҳодисаи форҷеабор 2 июл рӯзона рух дода, корҳои ҷустуҷӯ бинобар сабаби хоки рехта ба муддати зиёд тӯл кашид. Ҷасадҳои мардони 30 ва 40-солаи зодаи Тоҷикистон қарибиҳои нимашаб аз чоҳ берун оварда шудааст.

Зани соҳиби қитъае, ки дар он ҳодисаи мазкур рух дод, гуфтааст, яке аз муҳоҷирон аллакай 6 ҳалқаи чоҳро канда будааст, ки девори чоҳ чаппа шуда, ӯ зери хоктӯдаи девори чоҳ мондааст.

«Муҳоҷири дуюм ба наҷоти ӯ шитофта, ба болои ӯ ҳам хоктӯдаи девори чоҳ чаппа мешавад”, – иброз доштааст зан.

Ҷуқурии чоҳ наздики 7 метр буда, дар он об боло мешуд. Роҳбари шаҳраки Аннински вилояти Лениград Дмитрий Ритов ба 78.ru хабар додааст, ки имкони зинда мондани муҳоҷирон хеле ночиз буд.

“Хок вазнин ва он ҷо қабати лойқаи замин аст, ки вақти кофтан дарҳол ба боло мебарояд ва деворҳо чаппа мешаванд, – изҳор доштааст вай. – Аз ин рӯ деворҳо се бор фурӯ рафтанд”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.