Ҷазои то 5 соли зиндон барои паҳнкунии коронавирус

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз ҷорисозии ҷавбогарии ҷиноятӣ барои паҳн кардани бемориҳои сироятӣ ҷонибдорӣ кард.

Эмомалӣ Раҳмон 4-уми июл тағйиротро ба моддаи 207 КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси бемории оммавӣ ё заҳролудшавии одамон гардидааст) имзо кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати адлияи Тоҷикистон иттилоъ дод, мувофиқи тағйирот, дар кишвар барои паҳнкунии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла сирояти коронавирус ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷорӣ мешавад.

Барои касоне, ки чунин ҷиноят содир мекунанд, то 5 сол ва агар ин амал ба расонидани зарари вазнин ба саломатӣ боис гардида бошад, аз 5 то 10 сол ҷазои маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст.

Ҷазо барои паҳнкунии бемории сироятӣ дар моддаи 207-и КҶ ҶТ зикр гардида буд. Акнун онро таҳрир ва илова карданд.

Дар моддаи “Вайрон кардани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси бемории оммавӣ ё заҳролудшавии одамон гардидааст”, ҷазои ҷаримаи калон, корҳои ислоҳӣ ё маҳрумият аз озодӣ то 2 сол пешбинӣ гардида буд.

Дар тағйирот шарти нави “дар сурати пайдо шудан ва паҳншавии бемории барои одам хатарнок” илова шуд, ки мувофиқи он ҷазо то 5 соли зиндон дароз мешавад. Қаблан дар мусоҳибаи “Азия-Плюс” муовини раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони парлумон Равшан Раҷабзода изҳор дошта буд, ки вазъияти ҷории вобаста ба пандемия низ ба ҳамин ҷо дохил мешавад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 4-уми июл раисҷумҳур тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятиро имзо кард.

Мувофиқи ин тағйирот, барои паҳнкунии маълумоти бардурӯғу носаҳеҳ дар бораи пандемия тариқи ВАО ҷарима ба маблағи аз 580 сомонӣ барои шахсони воқеӣ ва то 11 ҳазору 600 сомонӣ барои шахсони ҳуқуқӣ ҷорӣ мешавад.

Минбаъд барои ниқоб надоштан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ шаҳрвандон ба маблағи аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима мешаванд.

Тағйиру иловаҳо пас аз нашр дар васоити ахбори умуми давлатӣ мавриди амал қарор мегиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.