Пули дар лоиҳаҳои Тоҷикистон сарфашудаи БИР ба мубориза бо коронавирус равона мешавад

Бонки исломии рушд (БИР) пулҳои дар ҷараёни амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон сарфашударо ба мубориза бо COVID-19 равона мекунад. Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, Шӯрои мудирони Бонк дар ин хусус қарори дахлдор қабул кардааст. Пас аз ин ҷонибҳо дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарордодҳои молиявӣ байни Тоҷикистон ва БИР, ки ҳафтаи гузашта дар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки исломии рушд (БИР) пулҳои дар ҷараёни амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон сарфашударо ба мубориза бо COVID-19 равона мекунад.

Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, Шӯрои мудирони Бонк дар ин хусус қарори дахлдор қабул кардааст. Пас аз ин ҷонибҳо дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарордодҳои молиявӣ байни Тоҷикистон ва БИР, ки ҳафтаи гузашта дар палатаи поёнии парлумон тасдиқ шуда буд, созишнома ба имзо расониданд.

“Бар асоси он аз ҳисоби пулҳои сарфашуда дар чанде аз лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ба мубориза бо коронавирус 9,4 млн доллар маблағ равона мегардад”, – таъкид мешавад дар маълумоти Вазорати молия.

Гуфта мешавад, ин маблағ баҳри пешгирии паҳншавии вирус барои харидории таҷҳизоти мукаммали мутамаркази муолиҷа, воситаҳои муҳофизати инфиродӣ, антисептикҳо ва дигар маводи зарурӣ истифода хоҳад шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.