Дарёфти қабристони ғайрирасмии муҳоҷирон дар Якутск

Кормандони Кумитаи тафтишоти Русия дар Ҷумҳурии Саха аз рӯйи далели дарёфти қабристони ғайрирасмӣ дар шаҳри Якутск санҷиш оғоз карданд. Бино ба иттилои сомонаи Раёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар Якутия (Ёқутистон), гӯрҳо рӯзи 5 июл дар мавзеи назди фабрикаи парандапарварии шаҳри Якутск дарёфт шудаанд. “Дар ҷараёни чорабиниҳои аввал муайян карда шудааст, ки 5 июл дар майдони […]

Asia-Plus

Кормандони Кумитаи тафтишоти Русия дар Ҷумҳурии Саха аз рӯйи далели дарёфти қабристони ғайрирасмӣ дар шаҳри Якутск санҷиш оғоз карданд.

Бино ба иттилои сомонаи Раёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар Якутия (Ёқутистон), гӯрҳо рӯзи 5 июл дар мавзеи назди фабрикаи парандапарварии шаҳри Якутск дарёфт шудаанд.

“Дар ҷараёни чорабиниҳои аввал муайян карда шудааст, ки 5 июл дар майдони ҷангал, 300 метр дуртар аз қабристон дар мавзеи фабрикаи парандапарварӣ панҷ гӯр дарёфт шудааст, ки сетоаш лавҳа (санг) надоранд”, – қайд мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, шахсияти ду нафар шахсони гӯршуда муайян гардида, доир ба муайян кардани шахсияти се нафар боқимонда гӯршудагон тадбирҳо андешида мешаванд.

Тибқи иттилои РИА Новости, қаблан ВАО бо истинод ба корхонаи “Ритуал” хабар доданд, ки ду нафари гӯршуда зодагони Тоҷикистону Қирғизистон мебошанд. Шахсияти боқимонда то ҳол мълум нест. Роҳбарони ҷамъиятҳои миллӣ дар пайи ошкор кардани ҳама ҷузъиёти масъалаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯйи натиҷаҳои санҷиш дар мавриди ин масъала қарори дахлдор қабул карда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.