Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба сарони кишварҳои Ҷопону Чин

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба обхезиҳои шадиду ҳалокати одамон бар асари он ба сарони кишварҳои Ҷопону Чин барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия ба унвони сарвазири Ҷопон Синдзё Абэ таъкид шуд, ки “хабари дар ҷануби ин кишвар сар задани ярчу обхезиҳои шадид, ки боиси ба ҳалокат расидани шаҳрвандон гардида, харобиҳои калонмиқёсро ба бор овардаанд, моро хеле андуҳгин кард”.

“Дар иртибот ба пайомадҳои фоҷеабори ин офати табиӣ ҳамдардиву тасаллияти амиқи ин ҷонибро ба пайвандону наздикони фавтидагон иброз дошта, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам», – омадааст дар барқия.

Гуфта мешавад, дар барқияи тасаллият ба раиси Чин Си Ҷинпин  қайд мешавад, ки “хабари фоҷеабори сар задани обхезиҳои шадиду дар натиҷаи он ба ҳалокат расидани мардум ва ба вуқӯъ пайвастани харобиҳои зиёд дар як қатор ноҳияҳои ҷанубии Чин боиси андуҳи амиқи ин ҷониб гардид”.

“Ҳамдардии самимии худро ба пайвандон ва наздикони қурбониёни ин офати табиӣ изҳор дошта, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам», – изҳори ҳамдардӣ мешавад дар барқия.

Қобили зикр аст, ки дар Ҷопон ва Чин обхезии шадиду бузургмиқёс ҷараён дорад. Даҳҳо нафар ҳалок шуда, садҳо ҳазор ба кӯчидан ба ҷойи бехавф омодагӣ мегиранд.

Ҳамчунин шумори хеле зиёди хизматчиёни ҳарбӣ ба макони офатҳои табиӣ сафарбар шудаанд. Бар асари ин офати табиӣ дар Ҷопон 50 нафар ва дар Чин – 120 кас ба ҳалокат расиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.