ВКД сабаби сар задани сӯхторро дар “Душанбе Молл” шарҳ дод

Тибқи фарзияи пешакӣ, сабаби сар задани сӯхтор дар маркази савдои “Душанбе Молл”, ки дар он гипермаркети “Ашан” воқеъ аст, расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ унвон мешавад. Бино ба маълумоти ВКД Тоҷикистон, сӯхтор нимаи дуюми рӯзи 7 июл ба амал омада, 14 адад нақлиётҳои сӯхторхомушкунии асосӣ ва махсуси ҷузъу томҳои Сарраёсати хадамоти оташнишонии ВКД ба ҷойи ҳодиса […]

Тибқи фарзияи пешакӣ, сабаби сар задани сӯхтор дар маркази савдои “Душанбе Молл”, ки дар он гипермаркети “Ашан” воқеъ аст, расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ унвон мешавад.

Бино ба маълумоти ВКД Тоҷикистон, сӯхтор нимаи дуюми рӯзи 7 июл ба амал омада, 14 адад нақлиётҳои сӯхторхомушкунии асосӣ ва махсуси ҷузъу томҳои Сарраёсати хадамоти оташнишонии ВКД ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд.

“Дар натиҷаи расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ дар шифти ташнобхонаи (ҳоҷатхона) ошёнаи чоруми бинои марказ сӯхтор сар зад, – қайд мешавад дар хабар. – Дар вақти ба маҳалли ҳодиса расидани кормандони Хадамоти оташнишонӣ дар масоҳати 1 метри мураббаъ шифтро забонаи оташ ва ошёнаи чорумро қисман дуди ғализ фаро гирифта буд”.

Гуфта мешавад, кормандони Хадамоти оташнишонӣ дар як вақт тахминан 250 нафар кормандон ва мизоҷон, инчунин миқдори муайяни молу ашёҳои қиматнокро аз бинои Маркази савдои мазкур ба ҷойи бехавф кӯчонида, ҳамзамон роҳҳои паҳншавии оташ дар ҳама самтҳо пешгирӣ ва сӯхтор дар масоҳати аввалааш базудӣ хомӯш карда шуд.

https://www.youtube.com/watch?v=PF61rgdj9Oc

Навори видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷойи ҳодиса

Дирӯз дар изҳороти маъмурияти “Молл Душанбе” дар шабакаи “Фейсбук” зикр гардида буд, ки “мувофиқи гумонҳои пешакӣ, сӯхтор бар асари сигори хомӯшнашуда дар ҳоҷатхонаи занонаи ошёнаи сеюм марказ ба амал омадааст”.

Таъкид мешавад, ки низоми огоҳкунии марказ бо маркази идоракунии Хадамоти оташнишонии ВКД пайвваст буда, бо ин огоҳӣ гурӯҳҳои оташнишонон фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд.

Навори видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷойи ҳодиса

Гипермаркети “Ашан” (Душанбе Молл) дар пойтахти Тоҷикистон моҳи июни соли 2016 ба фаъолият оғоз кард. Он замон “Ашан”-и Душанбе бузургтарин гипермаркет дар минтақаи Осиёи Марказӣ номида шуд. Сохтмони он муддати се сол давом кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.