Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба сарони кишварҳои Ҷопону Чин

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба обхезиҳои шадиду ҳалокати одамон бар асари он ба сарони кишварҳои Ҷопону Чин барқияи тасаллият ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия ба унвони сарвазири Ҷопон Синдзё Абэ таъкид шуд, ки “хабари дар ҷануби ин кишвар сар задани ярчу обхезиҳои шадид, ки боиси ба ҳалокат […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба обхезиҳои шадиду ҳалокати одамон бар асари он ба сарони кишварҳои Ҷопону Чин барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия ба унвони сарвазири Ҷопон Синдзё Абэ таъкид шуд, ки “хабари дар ҷануби ин кишвар сар задани ярчу обхезиҳои шадид, ки боиси ба ҳалокат расидани шаҳрвандон гардида, харобиҳои калонмиқёсро ба бор овардаанд, моро хеле андуҳгин кард”.

“Дар иртибот ба пайомадҳои фоҷеабори ин офати табиӣ ҳамдардиву тасаллияти амиқи ин ҷонибро ба пайвандону наздикони фавтидагон иброз дошта, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам», – омадааст дар барқия.

Гуфта мешавад, дар барқияи тасаллият ба раиси Чин Си Ҷинпин  қайд мешавад, ки “хабари фоҷеабори сар задани обхезиҳои шадиду дар натиҷаи он ба ҳалокат расидани мардум ва ба вуқӯъ пайвастани харобиҳои зиёд дар як қатор ноҳияҳои ҷанубии Чин боиси андуҳи амиқи ин ҷониб гардид”.

“Ҳамдардии самимии худро ба пайвандон ва наздикони қурбониёни ин офати табиӣ изҳор дошта, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам», – изҳори ҳамдардӣ мешавад дар барқия.

Қобили зикр аст, ки дар Ҷопон ва Чин обхезии шадиду бузургмиқёс ҷараён дорад. Даҳҳо нафар ҳалок шуда, садҳо ҳазор ба кӯчидан ба ҷойи бехавф омодагӣ мегиранд.

Ҳамчунин шумори хеле зиёди хизматчиёни ҳарбӣ ба макони офатҳои табиӣ сафарбар шудаанд. Бар асари ин офати табиӣ дар Ҷопон 50 нафар ва дар Чин – 120 кас ба ҳалокат расиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.