Озмунҳои беҳтарин оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳрак дар Суғд

Бо қарори раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ озмуни вилоятии “Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин” гузаронида мешавад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, озмун бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дар доираи Нақшаи чорабиниҳои марбут ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир мегардад. “Озмуни мазкур […]

Бо қарори раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ озмуни вилоятии “Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин” гузаронида мешавад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, озмун бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дар доираи Нақшаи чорабиниҳои марбут ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир мегардад.

“Озмуни мазкур бо мақсади вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, ҷалби бештари сармояи хориҷию ватанӣ баҳри таъмини рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ,​ тарғиб ва оммавигардонии суннатҳои беҳтарини миллӣ баргузор хоҳад шуд”, – қайд мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, ғолибони озмун бо диплому вимпел ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд. Аз ҷумла, ғолибони бахши Ҷамоати деҳот ва шаҳраки беҳтарин мутаносибан бо 6, 4 ва 2 ҳазор сомонӣ, деҳаи беҳтарин бо 4, 3 ва 2 ҳазор сомонӣ, кӯчаи беҳтарин бо ​ 4, 3 ва 2 ҳазор сомонӣ, маҳаллаи беҳтарин бо 4, 3 ва 2 ҳазор сомонӣ ва оилаи беҳтарин бо 3, 2 ва 1 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.