Президент ва раиси пойтахт эстакадаи дуюми сесатҳаи Душанберо боз мекунанд

Сохтмони эстакадаи дуюми сесатҳа дар мавзеи буриши хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва Абӯалӣ ибни Сино пурра ба анҷом расида, рӯзи ҷумъа, 10 июл иншоот ба истифода дода мешавад. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз шаҳрдории Душанбе хабар дод, дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин қитъаи роҳ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ […]

Сохтмони эстакадаи дуюми сесатҳа дар мавзеи буриши хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва Абӯалӣ ибни Сино пурра ба анҷом расида, рӯзи ҷумъа, 10 июл иншоот ба истифода дода мешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз шаҳрдории Душанбе хабар дод, дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин қитъаи роҳ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ иштирок мекунанд.

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаҳои ғарбии пойтахт пурра барқарор мешавад.

Қобили зикр аст, ки муҳлати навбатии маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани эстакада 25-уми июн эълон гардида, лекин бинобар аз ҷониби Комиссияи давлатии қабули корҳо ошкор шудани камбуду норасоиҳоро дар сохтмони иншоот, аз ҷумла дар бунёди пиёдагардҳо дар гирду атрофи иншоот ва гузоштани новаҳо (лоток) дар қад-қади роҳ, мавқуф гузошта шуд.

Аммо дар Вазорати нақлиёт он вақт маълумот дар бораи аз ҷониби Комиссияи давлатӣ ошкор шудани камбуду норасоиҳоро рад карда буданд.

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз ҳамаи камбуду норасоиҳое, ки Комиссияи давлатӣ он замон ошкор карда буд, пурра бартараф карда шудаанд.

Эсткадаи сесатҳа дар доираи амалисозии лоиҳаи “Беҳтар кардани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе – Турсунзода, қитъаи роҳ аз муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” бунёд шуд.

Аз рӯйи лоиҳа дар сатҳи дуюми ин эстакада роҳи ҳалқавӣ сохта шудааст, ки ҳаракати он тариқи чароғакҳо танзим ва идора мешавад. Дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб пули 125-метра бунёд шудааст. Дар лоиҳаи мазкур бунёди 4 гузаргоҳи зеризаминӣ барои пиёдагардон низ пешбинӣ шудааст.

Корҳои сохтмони эсткадаи мазкур моҳи феврали соли 2018 оғоз гардида, тавре моҳи декабри соли гузашта муовини сарвазири кишвар Азим Иброҳим хабар дода буд, мебоист баҳори соли 2020 ба анҷом мерасиданд.

Амалисозии лоиҳаи ба ин монанди сохтмони эсткада охири моҳи июли соли 2016 дар маҳаллаи 82-юми пойтахт оғоз ва тобистони соли гузашта ба итмом расид.

Ёдрас мекунем, ки дар доираи татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе то соли 2030 аз ҳисоби буҷети шаҳр  ва маблағҳои сармоягузорӣ дар пойтахти Тоҷикистон наздики 20 эстакадаи нав сохта мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.