Анҷоми рисолати дипломатии сафири Италия дар Тоҷикистон

Тоҷикистону Италия масоили рушди муносибатҳои дуҷонибаро баъди ба эътидол омадани вазъи вобаста бо пандемияи коронавирус дар саросари ҷаҳон баррасӣ карданд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, рӯзи 6 июл мулоқоти видеоии муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо сафири Италия дар Тоҷикистон бо қароргоҳ дар Тошканд Андреа Бертотсӣ бинобар ба поён ёфтани маъмурияти […]

Тоҷикистону Италия масоили рушди муносибатҳои дуҷонибаро баъди ба эътидол омадани вазъи вобаста бо пандемияи коронавирус дар саросари ҷаҳон баррасӣ карданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, рӯзи 6 июл мулоқоти видеоии муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо сафири Италия дар Тоҷикистон бо қароргоҳ дар Тошканд Андреа Бертотсӣ бинобар ба поён ёфтани маъмурияти дипломатиаш барпо гардид.

Гуфта мешавад, муовини вазири корҳои хориҷӣ ба ҷаноби Бертотсӣ барои саҳми арзандааш дар тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба миннатдорӣ баён намуд.

Ба иттилои манбаъ, зимни гуфтугӯ ҷонибҳо инчунин аҳаммияти баргузории чорабиниҳои банақшагирифташуда, аз ҷумла вохӯриҳо дар сатҳи олӣ ва баландро, пас аз ба эътидол омадани вазъи ҷаҳон бар асари вобаста ба ҳамагирӣ таъкид карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.