Аз имрӯз дар Тоҷикистон барои надоштани ниқоб расман ҷарима карда метавонанд

Дар Тоҷикистон тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (КҲМ) ва Кодекси ҷиноятӣ (КҶ) мавриди амал қарор гирифтанд, ки мувофиқи онҳо барои надоштани ниқоб ва паҳнкунии маълумоти носаҳеҳ ҷаримаҳо пешбинӣ гардида, барои паҳнкунии коронавирус бошад, муҳлатҳои маҳрумият аз озодӣ муқаррар шудааст. Матни тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон имрӯз дар нашрияи ҳукуматии “Ҷумҳурият” нашр […]

Дар Тоҷикистон тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (КҲМ) ва Кодекси ҷиноятӣ (КҶ) мавриди амал қарор гирифтанд, ки мувофиқи онҳо барои надоштани ниқоб ва паҳнкунии маълумоти носаҳеҳ ҷаримаҳо пешбинӣ гардида, барои паҳнкунии коронавирус бошад, муҳлатҳои маҳрумият аз озодӣ муқаррар шудааст.

Матни тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон имрӯз дар нашрияи ҳукуматии “Ҷумҳурият” нашр шуд.

Мувофиқи моддаи 2-и матни тағйирот, қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода мешавад.

Бино ба тағйирот, минбаъд барои ниқоб надоштан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ шаҳрвандон ба маблағи аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима шуда, барои паҳнкунии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус шахс ба муҳлати аз 5 то 10 сол аз озодӣ маҳрум шуда метавонад.

Барои паҳнкунии маълумоти бардурӯғу носаҳеҳ дар бораи бемориҳои хатарноки сироятӣ, аз ҷумла коронавирус тариқи ВАО ва интернет ба маблағи аз 580 сомонӣ барои шахсони воқеӣ ва то 11 ҳазору 600 сомонӣ барои шахсони ҳуқуқӣ ҷарима пешбинӣ шудааст. Матни тағйирот бо ин суроға қобили дарёфт аст.

Ҳуқуқшинос Наврӯз Одинаев қаблан ба мо шарҳ дода буд, ки тағйирот бояд на пештар пас аз як моҳи интишори расмии он ҳуқми қонунӣ гирад.

“Зеро дар моддаи 75, қисми 4 Қонуни ҶТ “Дар бораи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ” зикр шудааст: “Санади меъёрӣ-ҳуқуқие, ки масъулияти ҳуқуқиро муқаррар ё пурзӯр мекунад, андозҳои нав ва вазъияти андозсупорандаро бад мекунад, на пештар пас аз як моҳи нашр расмии он мавриди амал қарор мегирад”, – чунин шарҳ дода буд қонунгузориро ҳуқуқшинос.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз аз палатаи болоии парлумони кишвар ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки тағйирот имрӯз ҳукми қонунӣ гирифтанд ва ин қарор дар робита ба пандемия қабул шудааст.

“Дарвоқеъ, мутобиқи моддаи дар боло зикршудаи қонун, тағйирот бояд на пештар пас аз як моҳи нашр расмии он мавриди амал гирад. Аммо бо назардошти вазъияти кунунӣ ва зарурати ҷиддии мубориза бо пандемияи коронавирус, қонунофарон тасмим гирифтанд, ки онҳо дарҳол пас аз нашри расмӣ ҳукми қонунӣ мегиранд. Ин дар тағйирот зикр шуда, аз ҷониби ҳар ду палатаи парлумон дастгирӣ ёфт ва президенти кишвар онро имзо кард”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Тоҷикистон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.