Тоҷикистон аз БОР барои иқтисоди аз пандемия осебдида кумаки иловагӣ дархост кард

Давлаталӣ Саид, муовини аввали нахуствазир дар як нома ба президенти Бонки осиёии рушд (БОР) навиштааст, пандемияи коронавирус иқтисоди Тоҷикистонро дар ҳолати "форс мажор" ё "монеаи муқовиматнопазир" қарор дод ва кишвар ба кӯмак ниёз дорад. Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, номаи Давлаталӣ Саид ба Масатсугу Асакава, президенти БОР моҳи июн ирсол шудааст. Муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон […]

Радиои Озодӣ

Давлаталӣ Саид, муовини аввали нахуствазир дар як нома ба президенти Бонки осиёии рушд (БОР) навиштааст, пандемияи коронавирус иқтисоди Тоҷикистонро дар ҳолати "форс мажор" ё "монеаи муқовиматнопазир" қарор дод ва кишвар ба кӯмак ниёз дорад.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, номаи Давлаталӣ Саид ба Масатсугу Асакава, президенти БОР моҳи июн ирсол шудааст.

Муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон дар нома навиштааст, Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз таъсири манфии COVID-19 барномае иборат аз ду қисмат таҳия кард, ки барои иҷрои он 364 миллион доллар зарур аст.

Ба гуфтаи ӯ, қисмати аввали барнома бо ҳазинаи 176,5 миллион доллар ё 1,8 миллиард сомонӣ барои бахши тандурустӣ ва ҳимояи қишри осебпазири ҷомеа равон шудааст.

Давлаталӣ Саид навиштааст, қисмати дуввуми барнома 188 миллион доллар ё 1,9 миллиард сомонӣ буда, барои таъмини бехатарии озуқаворӣ ва дастгирии соҳибкорон аз ҷумла соҳибкорзанон нигаронида шудааст.

Муовини аввали нахуствазир гуфтааст, пандемия барои иқтисод ҳолати изтирорӣ ва ё "форс мажор"-ро пеш овард ва аз ин рӯ кӯмаки Бонки Осиёи Рушд ба Тоҷикистон фавқулода муҳим аст, чун кишвар ба камбуди молӣ рӯ ба рӯ аст. Дар ин нома, дар бораи вазъи ҷумҳурӣ дар ним соли охир тафсилоте омадааст, ки мақомот онро ба расонаҳо ва сокинони кишвар нагуфтаанд.

Давлатӣ Саид навиштааст, бинобар хуруҷи коронавирус интизор меравад, мизони бекорӣ дар кишвар то поёни сол 6,1 дарсад боло рафта, шумори бекорон ба 100 ҳазор нафар расад. Дар ҳоле, ки то шурӯъи пандемия дар моҳи феврал бекорӣ дар Тоҷикистон дар сатҳи 2 дарсад қарор дошт.

Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ, рушди иқтисоди Тоҷикистон бинобар пешбинии ҳукумат аз 7,5 фоиз, ки қаблан пешбинӣ мешуд то ба 2,4 дарсад поин меравад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.