Дар Душанбе наздики 20 эстакадаи нав сохта мешавад

Дар доираи татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе то соли 2030 дар пойтахти Тоҷикистон наздики 20 эстакадаи нав сохта мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ аз шаҳрдории Душанбе хабар дод. Манбаъ қайд кард, ки лоиҳаҳои сохтмони эстакадаҳои се ва дусатҳа дар мавзеъҳои Сирки давлатӣ, гардиши Комбинати нассоҷӣ (Текстил) ба самти Комбинати гӯшт (Мясокомбинат), […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар доираи татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе то соли 2030 дар пойтахти Тоҷикистон наздики 20 эстакадаи нав сохта мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ аз шаҳрдории Душанбе хабар дод.

Манбаъ қайд кард, ки лоиҳаҳои сохтмони эстакадаҳои се ва дусатҳа дар мавзеъҳои Сирки давлатӣ, гардиши Комбинати нассоҷӣ (Текстил) ба самти Комбинати гӯшт (Мясокомбинат), гардиши фурудгоҳ, Комбинати равғану шир, сафорати ИМА дар Душанбе, маҳаллаи 102, дарвозаҳои ғарбии пойтаахт, Корхонаи сементбарорӣ, бозори”Корвон” дар марҳилаи баррасӣ қарор доранд.

Ба гуфтаи манбаъ, эстакадаҳои нав дар пойтахт аз ҳисоби буҷети шаҳр ва маблағҳои сармоягузорӣ сохта мешаванд.

Айни замон дар маҳаллаи Қарияи Боло сохтмони эстакадаи дуюми сесатҳа дар шаҳри Душанбе дар арафаи анҷомёбист.

Аз рӯйи лоиҳа дар сатҳи дуюми ин эстакада роҳи ҳалқавӣ сохта шудааст, ки ҳаракати он тариқи чароғакҳо танзим ва идора мешавад. Дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб пули 125-метра бунёд шудааст.

Дар лоиҳаи мазкур бунёди 4 гузаргоҳи зеризаминӣ барои пиёдагардон низ пешбинӣ шудааст. Корҳои амалисозии лоиҳа моҳи майи соли 2018 оғоз гардида, охири ҳамин сол анҷоми он дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки амалисозии лоиҳаи ба ин монанд охири моҳи июли соли 2016 дар маҳаллаи 82-юми Душанбе шурӯъ шуда, тобистони соли гузашта мавриди истифода қарор гирифт.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.