Ифтитоҳи эстакадаи Қарияи Боло боз мавқуф гузошта шуд

Маросими ифтитоҳи эстакадаи дуюми сесатҳа дар буриши кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ ва Абӯалӣ ибни Синои шаҳри Душанбе дар маҳаллаи Қарияи Боло, ки пагоҳ, 25 июн пешбинӣ гардида буд, ба муҳлати номуайян мавқуф гузошта шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати кишвар хабар дод. Бино ба маълумоти манбаъ, Комиссияи давлатии қабули корҳо дар сохтмони […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Маросими ифтитоҳи эстакадаи дуюми сесатҳа дар буриши кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ ва Абӯалӣ ибни Синои шаҳри Душанбе дар маҳаллаи Қарияи Боло, ки пагоҳ, 25 июн пешбинӣ гардида буд, ба муҳлати номуайян мавқуф гузошта шуд.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати кишвар хабар дод.

Бино ба маълумоти манбаъ, Комиссияи давлатии қабули корҳо дар сохтмони иншоот камбуду норасоиҳоро ошкор кардааст, аз ҷумла дар бунёди пиёдагардҳо дар гирду атрофи иншоот ва гузоштани новаҳо (лоток) дар қад-қади роҳ.

Қаблан зикр гардида буд, ки эстакада рӯзи 25 июн бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода мешавад.

Корҳои таъмиру сохтмони эстакадаи мазкур моҳи феврали соли 2018 оғоз гардида, бояд баҳори соли 2020 ба итмом мерасид.

Қобили зикр аст, ки эсткадаи сесатҳа дар доираи амалисозии лоиҳаи “Беҳтар кардани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе – Турсунзода, қитъаи роҳ аз муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” бунёд шуд.

Амалисозии лоиҳаи ба ин монанди сохтмони эсткада тобиистони соли гузашта дар маҳаллаи 82-юми пойтахт ба анҷом расид. Аммо дар он ҷо ҳам алҳол корҳо пурра ба анҷом нарасида буданд: ҳаракат тариқи ин роҳ аз самти микрорайони 84-ум ба самти микрорайони 112-ум боз буда, қисмати ғарбии роҳ, аз микроайони 82-юм то дарвозаҳои ғарбӣ баста  боқӣ монда буд ва дар он ҷо корҳои сохтмон ҷараён доштанд.

Ёдрас мекунем, ки дар доираи татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе то соли 2030 дар пойтахти Тоҷикистон наздики 20 эстакадаи нав сохта мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.