Мунтахабҳои футболи Тоҷикистону Ӯзбекистон моҳи сентябр бозии дӯстона мегузаронанд

Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ва Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон дар бораи баргузории бозии дӯстона байни мунтахабҳои ҳар ду кишвар ба мувофиқа расиданд. Тавре ФФТ хабар медиҳад, бозии дастаҳои мунтахаб рӯзи 4 сентябр дар варзишгоҳи “Миллий” дар шаҳри Тошканд доир мегардад. Вохӯрии дӯстонаи мунтахабҳои футболи Тоҷикистону Ӯзбекистон қаблан рӯзи 31 март дар Тошканд таъин шуда, лекин бо […]

Asia-Plus

Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ва Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон дар бораи баргузории бозии дӯстона байни мунтахабҳои ҳар ду кишвар ба мувофиқа расиданд.

Тавре ФФТ хабар медиҳад, бозии дастаҳои мунтахаб рӯзи 4 сентябр дар варзишгоҳи “Миллий” дар шаҳри Тошканд доир мегардад.

Вохӯрии дӯстонаи мунтахабҳои футболи Тоҷикистону Ӯзбекистон қаблан рӯзи 31 март дар Тошканд таъин шуда, лекин бо сабаби пандемияи коронавирус бекор шуд.

Қобили зикр аст, ки дастаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар сатҳи тимҳои мунтахаб байни ҳам 8 вохӯрӣ гузаронидаанд.

Дар ин бозиҳо Тоҷикистон 1 маротиба  ва Ӯзбекистон 4 маротиба ғалаба карда, 3 вохӯрӣ мусовӣ анҷом пазируфт.

Бори охир вохӯрии дастаҳо 9 сол пеш – 15 ноябри соли 2011 дар марҳилаи сеюми даври интихобии Чемпионати ҷаҳон-2014 дар Тошканд баргузор шуда, дар ин бозӣ тими Ӯзбекистон бо ҳисоби 3:0 дастболо шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.