БАТР ҷиҳати коркарди партовҳои сахти маишии Кӯлоб $4 млн ҷудо мекунад

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз созишномаи моҳи феврали соли равон имзошударо байни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) дар бораи “Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб” тасдиқ кард. Зимни суханронӣ назди вакилон дар шарҳи ин масъала вазири молияи Тоҷикитсон Файзиддин Қаҳҳорзода қайд кард, ки барои татбиқи лоиҳа БАТР 4 млн доллар ҷудо мекунад, ки […]

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз созишномаи моҳи феврали соли равон имзошударо байни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) дар бораи “Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб” тасдиқ кард.

Зимни суханронӣ назди вакилон дар шарҳи ин масъала вазири молияи Тоҷикитсон Файзиддин Қаҳҳорзода қайд кард, ки барои татбиқи лоиҳа БАТР 4 млн доллар ҷудо мекунад, ки 2 млн доллари он ба сифати грант аст.

Ғайр аз ин, дар чаҳорчӯби амалисозии лоиҳа БАТР ба сифати кумаки техникӣ боз 850 ҳазор евро маблағи дигар ҷудо месозад.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои охир дар Душанбе ва дигар шаҳрҳои нисбатан бузурги кишвар садҳо иншооти нав – манзилу меҳмонхона, тарабхонаву марказҳои савдо ва ғайра сохта шуданд. Шумори аҳолӣ низ босуръат меафзояд. Ҳамзамон бо ин мушкилоти шаҳрҳо низ зиёд мешавад, ки яке аз рӯзмарраашон коркарди партовҳо мебошад.

Ба гунаи мисол, шаҳри Кӯлоб аз 75 кӯча иборат буда, хадамоти коммунали ҳамагӣ аз 21-тои он партов мебароранд. Партови боқимонда 36 кӯча наҳру ҷӯй, пиёдагарду майдонҳои холиро фаро гирифта, чандин сол аст, ки вазъи анисанитариро ба вуҷуд меоранд.

Сойи Тебалай, ки аз маркази шаҳри Кӯлоб ҷорӣ мешавад, метавон гуфт имрӯз ба партовгоҳ табдил ёфтааст. Шишаҳои пластикӣ ва бастаи партовҳои рӯйи об шинокунанда ҳолати муқаррарии имрӯзаи сойи Тебалай аст.

Бузургтарин партовгоҳи кишвар дар канори шарқи шаҳри Душанбе, 11 километр дуртар аз пойтахт воқеъ мебошад. Ҳамарӯза даҳҳо мошини корхонаи манзилию коммуналии шаҳр бо даҳҳо ҳазор тонна партов ба ин ҷо меоянд. Майдони бузурги 20 гектар пур аз кӯҳҳои тӯдаи партовҳо аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.