БОР барои рафъи оқибатҳои пандемия ба Тоҷикистон $50 млн грант медиҳад

Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд (БОР) баҳри кумак ба ҷумҳурӣ дар рафъи оқибатҳои ногувори иқтисодӣ ва иҷтимоии пандемияи сирояти корнавирус ба маблағи 50 млн доллар грант ба имзо расониданд. Грант ҷиҳати маблағгузорӣ ба тадбирҳои муҳими ҳукумат дар таҳкими низоми тандурустӣ, тавсеаи кумаки иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои камбизоат ва осебпазир, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ҳимоя аз […]

Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд (БОР) баҳри кумак ба ҷумҳурӣ дар рафъи оқибатҳои ногувори иқтисодӣ ва иҷтимоии пандемияи сирояти корнавирус ба маблағи 50 млн доллар грант ба имзо расониданд.

Грант ҷиҳати маблағгузорӣ ба тадбирҳои муҳими ҳукумат дар таҳкими низоми тандурустӣ, тавсеаи кумаки иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои камбизоат ва осебпазир, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ҳимоя аз соҳибкории хурд мусоидат мекунад.

Бино ба иттилои намояндагии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон созишномаи грантиро вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Прадип Сриватасава имзо карданд.

Барномаи мазкур ҳукуматро дар густариши дастрасӣ ба маводи тиббӣ ва муҳайё сохтани шароити карантин ҳадди ақал дар 14 беморхонаҳои кишвар бо палатаҳои ҷуудогона барои мардону занон дастгирӣ мекунад. Ба ҳамаи ҳайати тиббие, ки бо беморони COVID-19 кор мекунанду ҳадди ақал 80%-ашонро занон ташкил медиҳанд, болоравии музди меҳнат пешниҳод мешавад.

Маблағгузории БОР ҳукуматро инчунин дар тавсеаи барномаи кумаки иҷтимоии таъинотӣ ҳадди ақал ба 307 ҳазор хонаводаҳои кмабизоат бо шумули пардохтикумаки  иловагии яквақтаинаи пулӣ дастгирӣ менамояд. Амнияти озуқаворӣ тавассути мониторинг ва назорати нархҳо ба ғизо, инчуин таъмини фермерон бо захираҳои кишоварзӣ барои афзоиши истеҳсолот таъмин мешавад.

Ба корхонаҳои хурду миёна, ки на камтар аз 24%-ашонро занон роҳбарӣ мекунанд, қарз ва имтиёзҳои андозӣ пешниҳод мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.